arzon replenishment
Ҳазрати Муҳаммад (С.С) чанд фарзанд дошт?
12.01.2024
Махина
1035


Мегӯянд, ки паёмбарамон, ҳазрати Муҳаммад бо сабаби бо зани аз худаш 20 сол калон оиладор шудан танҳо як фарзанд дошт.

Мехоҳам донам, ки ин гуфтаҳо то куҷо ҳақиқат доранд. Паёмбар дар асл чанд фарзанд доштанд ва сарнавишти онҳо чӣ гуна сурат гирифт?

Муборакшоҳ, н. Шаҳринав.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

Тибқи дурусттарин дидгоҳ, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳафт фарзанд дошт, се писар ва чаҳор духтар. Писарони ӯ инҳоянд:

1- Қосим.
2- Абдуллоҳ.
3- Иброҳим.
Духтарони ӯ инҳоянд:
1- Зайнаб.
2- Руқайя.
3- Умми Кулсум.
4- Фотима.

Ҳамаи ин фарзандон аз Хадиҷа таваллуд шудаанд. Паёмбар (с) аз дигар ҳамсаронаш фарзанде надошт. Сипас Иброҳим дар соли ҳаштуми ҳиҷрӣ аз канизи ӯ Морияи Қибтӣ ба дунё омад.

Ҳамаи фарзандони паёмбар (с) дар замони зиндагии ӯ аз дунё рафтанд, ба ҷуз Фотима, ки пас аз ӯ даргузашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД