Мехоҳам дар бораи фарзандони Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) маълумот диҳед. Расули Худо (с) чанд фарзанд доштанд ва сарнавишти онҳо чӣ тавр сурат гирифт?
МУНИРА, н. Айнӣ
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Аввалин фарзанди Паёмбари Худо (с) Қосим буд, ки бо номи ӯ (Абу-л-қосим) куния карда мешуд. Ӯ дар кӯдакӣ вафот кард ва гуфта шудааст, ки ӯ дар қайди ҳаёт буд, то ин ки ба чаҳорпо савор шуд ва бар рӯи замин роҳ гашт. Пас аз ӯ Зайнаб ба дунё меояд. Сипас, Руқайя ва Умми Кулсум ва Фотима тавлид мешаванд. Сипас, Абдуллоҳ ба дунё омад. Ҳамаи ин фарзандон аз Хадиҷа таваллуд шудаанд. Сипас, Иброҳим дар соли ҳаштуми ҳиҷрӣ аз канизи ӯ Морияи Қибтӣ ба дунё омад. Паёмбар аз ҳамсарони дигараш фарзанд надошт.
Яъне, Паёмбари Ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) ҳафт фарзанд дошт, се писар ва чаҳор духтар. Писаронаш: Қосим, Абдуллоҳ, Иброҳим; Духтаронаш: Зайнаб, Руқайя, Умми Кулсум, Фотима.
Ғайр аз Фотима ҳама фарзандони Расули Худо (с) дар замони зиндагиаш фавтидаанд.