Бисёр ҳолатҳо дар вақти азони намози бомдод ҷумлаи “Ассалоту хайрун минан-навм”-ро фаромӯш мекунам ва пас аз поён ёфтани азон ба хотирам мерасад. Дар ин ҳолат шахс чӣ кор бояд кунад? Калимаҳои азонро фаромӯш кунӣ, гунаҳгор мешавӣ?
Фаридун, ш. Душанбе.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Азон гуфтан дар намозҳои панҷгонаи фарзу намози ҷумъа суннат аст. Шахс, агар дар аснои азон баъзе ҷумлаҳои онро фаромӯш кунад, вале ҳанӯз аз гуфтани азон фориғ нашуда бошад ва дар ин ҳолат ба хотираш расад, он ҷумларо бо идомааш аз сар гуфта, азонро ба поён мерасонад. Пас аз фориғ шудан аз азон ба хотираш расад, дар ин сурат аз сар гуфтани он лозим нест, метавонад, ки иқомат гӯяд ва намозашро адо кунад. Бандаи Худо дар ҳеҷ як аз ин ҳолатҳо гунаҳкор намешавад.