Қазоқистон содироти орд, картошка ва як қатор маҳсулоти ғизоиро ба кишварҳои дигар пурра манъ кардааст.
Тибқи иттиллои сомонаи кумитаи давлатии даромадҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон, ин кишвар тартиби воридоти ғизоро содда карда, содироти баъзе маҳсулоти хӯроквориро манъ кардааст. Қайд карда мешавад, ки барои маҳсулоти озуқавории ба кишвар воридшаванда “долони сабз” омода шудааст. Дар ин самт монеаҳои гумрукӣ, санҷиш ва назорати нархҳо пурра истисно шудаанд.
Илова бар ин, аз 22 март ҳукумати Қазоқистон содироти баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла орд, шакар, картошка, сабзӣ, шалғам, лаблабу, пиёз, карам, тухм ва равғани офтобпарастро қатъ кард. Ин мамоният барои кишварҳои узви ЕАЭС вуҷуд надорад.
Гуфта мешавад, ки бо қарори муштараки Вазорати молия, Хадамоти сарҳадии Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон чанд гузаргоҳи сарҳадӣ интихоб шудааст, ки онҳо минбаъд фаъолияти маъмулиро идома медиҳанд (нуқтаҳои боқимонда дар давраи ҳолати карантинӣ аз 16 марти соли 2020 боздошта шуданд).
Ҳамин тариқ, дар сарҳади Хитой гузаргоҳҳои байналмилалии сарҳадии "Нурлы Жол" ва "Достык" (автомобилӣ) кушодаанд. Дар сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон бошад, нуқтаҳои "Казыгурт", "Капланбек", "Б. Конысбаева", "Атамекен" ва "Тажен" фаъолият доранд. Инчунин, нуқтаи "Темир Баба"-и сарҳади Туркманистон низ фаъолияташро қатъ накардааст.