Салом! Дар масъала аз уламо маслиҳат пурсиданӣ ҳастам. Мегуфтед, ки қазои намози витр чанд ракъат гузорида мешавад? Оё дар ин ҳолат дуои қунут хонда мешавад ё на?
Муҳаммад, н. Мастчоҳ
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Бародари азиз, агар намози витр қазо шуд, ба ҳамон сурат бидуни тағйир қазо оварда мешавад. Дуои қунут низ хонда мешавад.