Азизбек Ҳаитов дигарбора ба “Регар-ТадАЗ” баргашт
Ниммуҳофизатгари ҷавон ва узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Азизбек Ҳаитов дигарбора ба сафи “Регар-ТадАЗ” баргаштааст.
ТВ “Варзиш” бо истинод ба дафтари матбуоти тими шаҳри Турсунзода хабар дод, ки байни футболбоз ва бошгоҳ қарордоди ҳамкории дарозмуддат ба имзо расидааст.
Азизбек Ҳаитов дастпарвари тими шаҳри Турсунзода буда, аз хурдӣ дар системаи ин бошгоҳ машқу тамрин карда, ба воя расидааст. Ӯ қаблан то тобистони соли 2022 дар ҳайати дастаи “Регар-ТадАЗ” бозӣ карда, дар идома як муддат дар сафи дастаҳои “Динамо” (Душанбе), “Хуҷанд” (Хуҷанд) ва “Равшан” (Кӯлоб) ҳунарнамоӣ кардааст. Ҳоло бо гузашти се сол ӯ ба ҳайати дастаи аслии худ баргашт.
Ёдовар мешавем, ки Азизбек Ҳаитов тайи солҳои охир пайваста ба ҳайати тими миллии кишвар ҷалб мешавад. Инчунин, ӯ қаблан дар сафи дастаҳои мунтахаби наврасон, ҷавонон ва олимпии Тоҷикистон низ бозӣ кардааст.
Ҳамчунин, ниммуҳофизатгари ботаҷриба Нозим Бобоҷонов боз як соли дигар дар “Регар-ТадАЗ” боқӣ мемонад. Қарордоди ҳамкорӣ байни даста ва Нозим Бобоҷонов то охири мавсими 2026 тамдид карда шуд.
Ниммуҳофизатгар Абдураҳмон Нозимов ба ҳайати "Регар-ТадАЗ" ҳамроҳ шуд. Байни футболбоз ва бошгоҳ қарордоди ҳамкорӣ барои як сол ба имзо расид. Абдураҳмон Нозимов дар бошгоҳҳои "Ҳосилот" ва "Равшан" ҳунарнамоӣ кардааст.
Ниммуҳофизатгар Шарафҷон Солеҳов пас аз хотимаи муҳлати қарордоди ҳамкорӣ сафи "Регар-ТадАЗ"-ро тарк намуд. Шарафҷон ду соли охир дар ҳайати “Металлургчиён” бозӣ карда, ҳоло ба сафи “Ҳосилот” гузашт.
Ҳамлагар Шервонӣ Мабатшоев тарки “Регар-ТадАЗ” карда, ба сафи “Теренггану” Малайзия пайваст.