Шом фаро мерасид. Маҳмадхӯҷа чун мурғи посӯхта беқарор буд. Интизорӣмекашид. Медонист, ки ин шаб Шариф дар басти шабона аст. Бистари ҳариру оғӯши гармаку форами зани Шарифро ба ёд оварда, дилаш гум мезад.
Ошиқи хомхаёл намедонист, ки ин аждаҳозан натанҳо ба шавҳараш, балки ба вай ҳам хиёнат мекунаду ба ғайри Шарифу Маҳмадхӯҷа боз чандин мардро аҳмақ карда, киссаҳояшонро ҳар шаб холӣ мекунад. Боз чанд марди дигари баднафс ташнаи висоли ин зани худобехабар буданду пайт мепоиданд, то Шарифро дуру ҷангалро бе шер ёфта, ба «шикор» бароянд.
Бахти яккаписар
Шариф, ҷавони деҳотӣ, марди меҳрубону сархаме буд. Кампири Барно дар бисоташ танҳо як писар дошт, ҳамин Шариф. Ҷавони ҳузарби меҳнатӣ бо обилаи кафи дастонаш ризқу рӯзӣ меёфт. Ҳамсояҳо бо чашми ҳасад сӯйи модари хушбахт менигаристанду кампири Барно дар сар хаёли арӯси нозанинро дошт. Мехост сари писари ягонаашро ҷуфт намояд, то ҳам оғӯши Шариф гарм шаваду ҳам келин ёрдамчии беминнаташ гардад. Қуввати кампир дигар барои анҷом додани корҳои рӯзгор намерасид. Рӯзе ба Шариф дарди дил кард. Танҳоии модарро ба инобат гирифт ё дилаки худаш ҳам кайҳо дар орзуи зан буд, ки каме андеша намуда, розигӣдод ҷавон.
Кампири Барно фурсатро аз даст надода, худи ҳамон ҳафта кулчаю қатмол пухта, ба деҳаи ҳамсоя барои духтари кайҳо таги чашм кардааш хостгорӣрафт. Дар тақдири Шариф худованд номи Боғигулро навишта будаасту тарафи духтар ба зудӣрозигӣдоданд ва ҷавонҳоро фотеҳа карданд. Аз байн моҳе нагузашта модар орзуи дилашро амалӣкарда келин фаровард.
Найрангҳои келини таърифӣ
Зиндагии Шарифу Боғигул чун асал ширин оғоз ёфт. Пас аз шаби нахустини оиладорӣба ҳамдигар чун Лайливу Маҷнун ошиқ гашта буданд навхонадорон. Субҳгоҳон келинчак шавҳарашро ба кор гусел менамуду аз пайи анҷом додани корҳои хона мешуд. Барно-хола аз келини интихобкардааш чунон хурсанд буд, ки намедонист кадом хислати Боғигулро дар назди ҳамсояҳо таъриф намояд. Кампири бечора намедонист, ки келини дӯстдораш метавонад «пӯстинашро чаппа пӯшида» зиндагии ширини ин оиларо талх гардонад.
Моҳҳову ҳафтаҳо турнасон сипарӣшуданду нахли умри ду навҷавон самар дод. Офаридгор барояшон писарчаеро ато кард. Барнои ташнаи набера бо сад орзуву ҳавас набераи нахустинашро Ҳотам ном гузошта бо шавқи дил сари гаҳвора «алла» мегуфт.
Боғигули фосиқ бошад, пас аз фарзанддор шудан лаҷоми шавҳарашро пурра ба даст гирифтанашро дарк намуда, найрангҳои нав баровард. Худро бо Шариф хушбахт вонамуд мекард ҷавонзан, вале дар дили сияҳаш ишқи мардаки ҳамсоя- Фарҳод лона гузошта буду нақшаи ба дом афтонидани «сайд»-ро мекашид.
«Сайд» ба дом афтод
Рӯзе дар набудани Шариф ва модараш Барнохола аз сари девор ба берун нигарист. Шояд шайтон низ чунин пайти муносиб меҷуст, ки ҳамин дам Фарҳод аз хонааш баромад. Дили Боғигул бо дидани «марди орзуҳо» обу адо шуда рафт. Лаҳзае фикр карду нақшаи аҷибе дар деги макраш ҷӯшид. Шитобон ба оғилхона давида говҳои калонро аз бандашон сар дод ва доду фиғонкунон ҳавлиро ба сараш бардошт: «Ёрӣ диҳед! Ёрӣ диҳед! Вой маро мекушанд, ёрӣ диҳед…»
Ҳамсоямард доду фиғони ҷавонзанро шунида, ба ташвиш афтоду ба дарвозаи Шариф сар халонд. Боғигул ҳанӯз фиғон мекашиду ҳавлиро ба сараш мебардошт.
-Янга, тинҷист, барои чӣ ин қадар фиғон мекашед? Ягон кас мурдааст-чӣ? –ҳаросон пурсид ҳамсоя.
-Худо нигоҳ дорад! Ҳеҷ кас намурдааст, танҳо говҳо халос кардаанд, ман бошам, аз говҳо метарсам,–лабашро бурма кард Боғигул.
Фарҳод дигар чизе напурсида сӯйи оғилхона равон шуд. Говҳоро дубора баста, хост аз дарвоза берун шавад, аммо Боғигул хандаву ишвакунон ӯро барои чунин «хизматаш» ба сари дастурхон даъват кард.
Фарҳод дид, ки ҷавонзан боумед сӯяш менигарад, «майлаш, як пиёла чой бошад, мешинем» гуфта аз паси Боғигул ба хона даромад.
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор бошед!)