Аз зӯроварӣ дар оила то “лимит”-и барқ дар суҳбати Омбудсмен бо сокинони Хатлон
115

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода ба ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Восеъ ва Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон сафар намуда, бо сокинони маҳаллӣ мулоқот кард.

Тавре дафтари матбуоти Омбудсмен иттилоъ додааст, зимни вохӯриҳо аксари сокинон аз “лимит”-и барқ, баҳсҳои хонаводагӣ, зӯроварӣ дар оила, тақсимоти молу мулки муштарак ҳангоми пош хӯрдани оила ва бекор намудани ақди никоҳ, саркашӣ аз супоридани алимент, ҳуқуқ ба аёдати кӯдакон, ҳуқуқ ба манзил, замин, мушкили таъминони оби тозаи ошомиданӣ, ҳуқуқ ба таҳсил ва дигар масоили печидаи зиндагӣ шикоят кардаанд.

Омбудсмен Умед Бобозода ба муроҷиаткунандагон тавсияҳои ҳуқуқӣ дода, бархе аз муроҷиатҳои шаҳрвандон дар ҳузури роҳбарони аввали ноҳияҳои зикргардида ҳалли мусбати худро ёфтаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД