Formula september
Аз занам шарм медорам
23.08.2024
ОИЛА.ТҶ
1596

Шояд нома навиштани як мард барои хонандагон қобили қабул набошад, вале маслиҳати шумо барои ман хеле муҳим аст.

Ман занамро надида гирифта бошам ҳам, дӯсташ медорам, чунки духтари меҳнатӣ, боодоб ва кадбонуи моҳир аст. Модарам пайваста дар кор буданду мо мустақил калон шудем. Иқрор мешавам, ки аз бому дарамон чангу ғубор мерехт ва танҳо колбасаю картошкабирён мехӯрдем, вале аз рӯзе, ки Дилшода келин шуда ба хонаамон омад, ҳаёти мо рангу бӯйи тоза гирифта, хонаву дарамон тозаву озода шуд, хӯроки гармамон ҳамеша тайёр аст.

Занам аз дағалиҳои модарам нисбати падарам норозӣ буда, пайваста шиква мекунад, вале аз дасти ман коре намеояд. Ҳамсарамро тасаллӣ дода мегӯям, ки ба модарам диққат надиҳад, муҳимаш ман ӯро дӯст медораму хору зор шудан намегузорам, вале виҷдони Дилшода ӯро ором нагузошта, барои беқадрии мӯйсафед дарун ба дарун месӯзад.

Аслан модарам рӯзи дароз дар ҷойи кор ҳастанд ва танҳо бегоҳирӯзӣ он касро мебинем. Ҳақи гапро гӯем, он кас нисбати ману зану фарзандонам чандон дағал нестанд, набераҳояшонро дӯст медоранду ғамхорӣ мекунанд, аммо ситораашон бо падарам ҳеҷ рост намеояд.

Ман ба муносибати байни падару модарам дахолат карданӣ нестам ва ба занам низ маслиҳат медиҳам, ки аз пайи тарбияи фарзандон шуда, беҳуда асабашро хароб насозад, вале дили ҳамсарам ором намегирад. Шумо ба ҷои ман мебудед, чӣ кор мекардед?

Хонандаи Оila.tj

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД