Arzon admin
Аз занам хиёнат дидаму ҳамсари покдоман меҷӯям!
13.11.2022
ОИЛА
1858


Ман марди 37-солаи фархорӣ ҳастам, ки айни замон дар шаҳри Қурғонтеппа хонаву дар дорам. Се сол қабл аз занам бо як фарзанд ҷудо шудам. Аслан ягон мард намехоҳад, ки хонаи ободаш вайрону фарзандаш ятим гардад, вале дар оилавайронии ман занам гунаҳкор аст. Хиёнати зан барои мард бисёр ҷонгудоз аст ва ман ҳам баъд аз ин зарбаи қисмат то ҳол ба худ наомадаам. Умр гузарон аст ва мусаллам аст, ки ягон мард бе зан ва ягон зан бе мард зиста наметавонад. Ман ҳам умедворам, ки бо кӯмаки “Оила” ҳамсафари ҳаётии худро пайдо мекунам. Барои пайдо намудани ризқу рӯзӣ ҳам сарояндагӣ мекунаму ҳам ба ҳайси устои мошин кор мекунам. Мақсад аз муроҷиат намуданам ҳамин аст, ки ҳарчӣ зудтар оиладор шудан мехоҳам. Бо зан ё духтари муъмину мусулмон ва худотарс, хушқаду қомати то 31-сола оила бунёд кардан мехоҳам. Агар зан як фарзанд дошта бошад, кӯдакашро падарвор қабул мекунам, Муҳимаш зан хушахлоқ бошаду мо зиндагии осоишта ба сар барем. Омодаам ба хотири зани хубу порсо хонаву дарамро, ки дар шаҳри Қурғонтеппа аст, фурӯхта дар шаҳри Душанбе хона гирам.

Хоҳишмандам барои мазоқу масхара занг назанед! Рақами телефонам 903-00-83-29.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД