Arzon march 2024
Аз қурутобхӯрӣ натарсед!
1404



Овозаи аз қурутоб заҳролуд шудани қариб 50 нафар дар Вилояти Хатлон сару садоҳои зиёдеро дар ҷомеа ба миён оварда, бисёриҳо аз тарсу ҳарос аз қурутобхӯрӣ даст кашиданд, вале вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ниҳоят ба ин масъала равшанӣ андохта, хабари заҳролудшавии одамонро аз қурутобро рад кард.

Вазорати тандурустӣмегӯяд, 48 нафар сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз қурутоб заҳролуд нашуда, танҳо аз истеъмоли аз ҳад зиёди равғани зард дилбеҳузур шудаанд. Таҳлилҳои озмоишгоҳӣ нишон додаанд, ки шаҳрвандон ба ҳолати заҳролудшавӣ мубтало нашудаанд, вале истеъмоли зиёди равғани зард дар қурутоб боиси дилбеҳузурии онҳо гаштааст.
Манбаъ мегӯяд, баъди ба беморхона интиқол додани онҳо ҳолати беморон қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар миёни онҳо беморони вазнин набуданд.
“Новобаста ба ин, тибқи супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи мазкур сафарбар карда шуданд”, - омадааст дар иттилоияи вазорати тандурустӣ.

Ёдрас меашвем, ки ҳодиса соати 8-и субҳи рӯзи 24-уми январ дар деҳаи Чагани ҷамоати деҳоти Чагани нави ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон рӯй дода, пас аз истеъмоли қурутоб 48 нафар сокини деҳаи мазкур дар худ дилбеҳузурӣ ҳис намуданд ва
24 нафари онҳо ба Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва 24 нафари дигар дар Беморхонаи ҷамоати деҳоти мазкур бистарӣ карда шуданд.

Ба иттилоъи вазорат, беморон як шабонарӯз дар ин беморхонаҳо таҳти назорати табибон қарор гирифта, санаи 25-уми январи соли равон дар ҳолати қаноатбахш ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд ва айни замон таҳти назорати табибони оилавӣ қарор доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД