Домуллои муҳтарам. Мехоҳам ба як нуқтаи бароям муҳим назари исломро бигӯед.
Пули нақд надорам, аммо ба андозаи 48 гр тилло ва 215 гр нуқра дорам. Фаҳмидан мехостам, ки аз ин миқдор чӣ қадар закот бояд супорам?
Мавҷуда, ш. Норак
Посухи намояндаи Раёсати шурои уламои ҶТ
Хоҳари азиз, ба ҳисоби шаръӣ нисоби тилло 85 гр ва нисоби нуқра 600 гр аст. Нисоби тилло бо арзиши миёнаи имрўз ба 32300 сомонӣ баробар мебошад. Арзиши 48 гр тилло бо ҳисоби миёнаи имрўз ба 18240 сомонӣ баробар мешавад. Аз ин лиҳоз, айни ҳол шумо молики нисоб нашудаед ва бар шумо закот воҷиб нест. Лекин ба шукронаи ин неъмат агар аз ҳазор сомонӣ 25 сомонӣ ба ягон ниёзманде диҳед, савоб мегиред.