Салом! Ман зани 35 –сола ва модари ду фарзанд мебошам. Шавҳарам марди духтарбоз аст, мудом аз паси занҳои бегона давида, ба ману фарзандонам тамоман аҳамият намедиҳад. Мудом аз хонаи падару модарам орду равған, картошкаю пиёз ва дигар анъвои хӯрокаро ба хонаам кашонда, кӯдаконамро худам мехӯронаму мепӯшонам. Шавҳарам ба хона як хас намеорад, бар замми ин, марди ҷаллод аст. Мардак, ба кӯдакон пойафзол харед ё ягон чиз биёред гӯям, худро ба девонагӣ зада, хонаро ба сараш мебардорад ва ҳафт пуштамро дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, маро зери мушту лагад мегирад. Зиндагии сагона ба дилам зада, косаи сабрам лабрез гаштааст. Мехоҳам аз шавҳарам ҷудо шавам ва осуда зиндагӣ кунам. Донистан мехоҳам, ки агар аз ин марди золим талоқ талаб кунам, ман гунаҳкор мешавам ё не?
М. Д, сокини ш. Душанбе
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Аслан талоқ бадтарини ҳалолҳо буда, Аллоҳро хуш намеояд, аммо дар ҳоле, ки зиндагии заношавҳарӣ боиси озору ғаму дарди доимӣ гашта, инсон дар оила рӯзи хушеро намебинад ва илоҷи дигаре ба ҷуз ҷудо шудан намемонад, талоқ раво аст. Аслан, тибқи фармудаҳои дини муббини ислом, мард вазифадор аст, ки ҳамсару фарзандонашро аз ҳама ҷиҳат таъмин карда, такягоҳи боэътимоде барои аҳли оилааш гардад.
Мард, агар ин вазифаи муқаддаси худро иҷро накунад, яъне оилаашро бо хурду хӯрок ва лавозимоти дигари зиндагӣ таъмин насозад, пас вай чи гуна мард аст?! Шавҳар, агар ҳамсарашро бо нафақа муддати муайяншуда таъмин накунад, занро бе сабаб озор дода, латукӯб намояд ва волидайни ӯро дашномҳои қабеҳ диҳад, дар ин ҳолат зан ҳуқуқ дорад, ки аз ин мард талаби талоқ кунад.
Зани мусалмон аз марди зинокор, занбоз, бе намоз ва арақнӯш низ ҳаққи ҷудо шудан дорад. Шавҳар талоқ доданӣ набошад ва қасдан занро ранҷу озор додан гирад, зан метавонад ба уламо муроҷиат карда дар ҳалли ин масъала кӯмак пурсад. Дар сурат талоқ гирифтан зан ҳуқуқ дорад, ки пас аз се моҳ ба марди дигар ба шавҳар барояд.