sebiston july new
АЗ САРИ БЕРОҲА ЗАР РЕХТАМ, НАШУД!(ҚИСМИ 2)
23.08.2021
ДИЛОШӮБ
6705

 ИДОМААШ...

Одати баду зани дуюм

Чун ба шаҳр омадем, ҳамсарам духтарча таваллуд кард, фазои ҳавлии ободу бошукӯҳ ва холии моро садои гиряи тифли навзод пур кард.

Падарам ба нафақа баромада буду онҳо як моҳ ҳамроҳи мо буданду як моҳ дар деҳа, зиндагиямон ором ҷараён дошт, ман аллакай роҳбари коргоҳи бузурге будам.

Ман як одати бад доштам, духтарбоз будаму доим маъшуқа доштам, боз бо духтарони бадгард низ муносибат мекардам. Бечора Гулсара банди тарбияи фарзандону хонаи сермеҳмон ба ин аҳмият намедод ё шояд ба ман сахт бовар мекард. Як рӯз дар як тарабхона чашмам ба ду духтараки ҷавоне афтид, ки сари як миз нишаста сӯҳбат доштанд. Духтараки қоматбаланди зебое зор-зор мегиристу дигараш ӯро таскин медод. Ман ҳамроҳи як рафиқам будам ва каме сархуш, духтаронро ба зӯрӣ сари мизамон овардему сабаби гиряи соҳибҷамолро фаҳмидан хостем. Малум шуд, ки духтарак дар Донишгоҳи тиббӣ мехондаасту падарашро бояд ҷарроҳии дил кунанд, вале пул надоштааст. Он шаб то дер бо Маҳноз сӯҳбат кардему рӯзи дигар вохӯрдем, ман пули ҷарроҳии падарашро пардохт намудам. Ҳамин тавр, нозанин ба домам афтид, баъди як ҳафтаи вохӯрӣ бо ӯ ҳамхоба гаштам, духтар буд, вале таҷрибаи бойи ҳамбистарӣ дошт. Ҳарчанд занбоз бошам ҳам, бе виҷдон набудам, гиряҳои зор-зори Маҳнозро дар бораи номуси аз даст додааш, ки бо ихтиёри худаш буд, дида, вайро зани дуюм карда гирифтам.

Падару модараш гуфтанд, ки дар ноҳияи мо барои мардум тӯй бидеҳ, ин корро низ кардам ва Маҳнозро дар яке аз хонаҳоям дар биноҳои баландошёнаву навсохти пойтахт ҷойгир кардам. Маҳноз дигар хоҳиши хондан надошт ва донишгоҳро партофт, ман ӯро зорӣ кардам, ки хонаду дипломашро гирад, аммо нахост. Шояд мақсадаш пайдо кардани ман барин марди пулдор буд ё чизи дигар, ки осон аз баҳри хондан гузашт.

  Хоҳишҳои Маҳноз

Чун дар қади Маҳноз кӯдак пайдо шуд, ӯ аз ман хоҳиш кард, ки хонаҳои кӯҳнаи аз бобояш ба падараш мерос мондаашонро дар деҳа канда, ба ҷояшон хонаҳои нав сохта, ба падару модараш диҳам. Барои ман ин кори мушкиле набуд ва дар давоми як сол хонаҳои дуошёнаи зебои дорои тамоми шароитро сохта, ба хусуру хушдоманам ҳадя кардам. Ростӣ, Маҳнозро аз занам зиёдтар дӯст медоштаму як бегоҳ бо ӯ, як бегоҳ бо занам будам. Бо гузаштани моҳу рӯзи ҳамл Маҳноз бароям ду писар таваллуд кард, Хуршеду Нуршед дунёи маро дигар карданд, онҳову модарашон бароям азизтар аз пайвандони дигарам буданд. Занам чилашро дар хонаи волидонаш гузаронида, ба хона баргашту ман модарамро ба хона оварда, бо ӯ шинос кардам. Маҳноз гирди модарам парвона буд, модарам низ садқаву балогардони набераҳояш шуда, се рӯз бо мо монд. Вақте модарамро ба хона мебурдам, ӯ андешаманд гуфт:

-Бачам кори намешудагиро кардӣ, зеро келини ман аз чизе камӣ надошт. Вале ин занро чашмаш вайрон аст, аз вай некӣ умед накун.

Ман гапи модарамро фаромӯш карда, дар хизмати Маҳнозу фарзандонаш будам, писаронам калонакак шуданду модарам аз ман хоҳиш кард, ки зани дуюмамро ба ҳаҷ фиристонаму намозхонаш кунам. Ин хоҳиши маро Маҳноз ба ҷону дил пазируфт, вале…

 Ҳоҷибибии ғар

Боре дар як маърака бо мардони зиёде менишастем, ҳама одамони номдор буданд. Гап дар бораи вайрон шудани ахлоқи занон рафту як ҳамнишинамон гуфт, як ҳамшаҳрии мо бисёр духтари бадгард буд.

Намедонам кадоме ӯро зани дуюм карда гирифт, ба падару модараш хонаҳои дакаданг сохта дод, худашро ҳоҷӣ кард, соҳиби ду писари дугоник аст, вале як шаб ӯро дар тарабхона дар ҳалқаи мардони айёш ва занони бадахлоқ дида, гиребони ҳайрат гирифтам. Ростӣ, хусуру хушдоману дигар пайвандони Маҳноз ному вазифаи маро пеши касе намегуфтанд. Дилам таҳ кашиду сипсиёҳ шуд, баъд баҳонае кофта, аз он мард аз куҷо буданашро пурсидаму фаҳмидам, ки сухан дар бораи зани ман меравад. Баъд аз пушти Маҳноз одам мондаму бо далелҳо бероҳагияшро исбот карда, ӯро аз хона рондам. Гуфтам, ки агар хоҳиш дошта бошад, писаронамро диҳад, агар не, нигоҳашон мекунам.

Маҳноз даъвои хона карду ман гуфтам, ки хонаҳои нави падараш моли ӯянд, зеро ман онҳоро сохтаам. Пас аз ин ҳодиса дилам аз занҳо монд ва аз ойимбозӣ даст кашидам. Ҳоло ҳар моҳ барои писаронам маблағу пӯшокаву хӯрока мебарам, вале чанд вақт аст як фикр домани андешаҳоямро раҳо намекунад, оё Хуршеду Нуршед писарони ман бошанд ё не? Мехоҳам ташхисе гузаронида, инро муайян кунам.

Тарк одат амри маҳол буданашро дар зиндагии худам фаҳмидам, Худованд ҳар мардро аз зани бад нигоҳ дорад…

                                                                               Фаршед
АНҶОМАШ...

                                             

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД