Рэпсаро, фристайлер ва блогери шинохта Фаридун Сафаров, ки бештар бо тахаллуси M.Favik маъруф аст, ҳоло дар Инстаграм зиёда аз 580 ҳазор обуначӣ дорад. Мавсуф ин роҳро осон тай накардааст ва дар суҳбати кутоҳ ба мо нақл кард, ки чӣ гуна машҳур шуд.
Ӯ дар ҳоли ҳозир пурра ба кори блогерӣ машғул буда, наворҳояшро садҳо ҳазор нафар мебинанд. Соли равон дар саҳифаи Инстаграмаш идеяи ҷолиберо рӯҳандозӣ кардааст. Яъне бо рубрикаи “365” ҳар рӯз навор таҳия мекунад. Ҳоло бо ин иқдомаш дар Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин блогероне шуд, ки ҳамарӯза дар саҳифааш навор нашр мекунад. Асосан, наворҳояш дар жанри “вайн” (ҳаҷвӣ) буда, онҳоро бо иштироки дигар блогерони шинохта таҳия менамояд.
Дар асл, Фаридун Сафаров ҳамчун рэпсаро шинохта шудааст. Бинобар маълумоти дастрас, ӯ аввалин рэпи худро соли 2015 дар синни 16-солагӣ нашр карда, бо дастгирии Додихудо Абдураҳимов ба рэпу блогинг ворид шудааст. Дар жанрҳои гуногуни рэп худро санҷида, то андозае муваффақ ҳам шудааст.
Иштирок дар озмунҳои “Мушоира” ва “Баттлери сол” ба Фаридун Сафаров шуҳрати зиёд овардааст. Ӯ дар озмуни “Мушоира”, ки иштирокдорон дар мавзӯъҳои пешниҳодшуда бидуни омодагӣ рэп мехонданд, ғолиб омада, дар аксари “баттл”-ҳояш ҳам дастболо шудааст.
Албатта, Фаридун Сафаров, ки хеле зуд ва бо роҳи содаи меҳнат кардан муваффақ шудааст, барои ҳаводоронаш донистан ҷолиб аст, ки пеш аз рэпсароиву блогерӣ чӣ гуна буд ва ин роҳро чӣ тавр тай кардааст.
Мо бо Фаридун Сафаров ҳамсуҳбат шудем ва ба саволи “То машҳур шудан чӣ гуна зиндагӣ доштед?” посух гирифтем:
- Ман ҳоло бо наворҳоям зиёда аз ним миллион обуначиҳоямро механдонам, аммо ҳамеша чунин набуд ва пайраҳаи тайкардаам осону сода нест. Ёд дорам, ки дар бозор самбӯса мефурӯхтам. Фарқ надошт, ҳаво хунук буд ё гарм, муҳим бояд самбӯсаҳоро мефурӯхтам. Пас аз самбӯса ба фурӯши резин ва миёнбанд гузаштам. Умуман коре мекардам, ки аз бозор бепул хона наравам. Кор карданам барои пешбурди зиндагӣ набуд, зеро падарам рӯзгорро таъмин мекарданд. Ман танҳо барои сарфу харҷи худам кор мекардам, то ки ҳар рӯз аз падару модар пул напурсам.
Айни ҳол блогер ба қатори беҳтарин намояндагони соҳаи блогинг дар кишвар эътироф шуда, аз ҳар ҷиҳат метавонад ба афкор таъсир расонад.