Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Сафорати Тоҷикистон дар Беларус ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия додаанд, ки муваққатан аз сафар ба ин ду кишвар худдорӣ намоянд.
Сабаби ин тавсияро ба пурзӯр шудани назорат ҳангоми вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия ва Беларус тариқи гузаргоҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ рабт додаанд.
Ин бори аввал нест, ки Русия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо баҳонаҳои гуногун ба кишвараш роҳ надода, муддати тӯлонӣ дар сарҳад нигоҳ медорад. Пас аз амали террористӣ дар “Крокус-Сити-Хол” ва бо иттиҳоми даст доштан дар ин амал дастгир шудани зиёда аз 10 нафар шаҳрвандони кишвари мо муносибати Русия бо зодагони давлатҳои Осиёи Миёна, махсусан тоҷикон сард шуда, шумораи санҷишҳо афзуданд.
Аксаран ҳангоми гузаронидани санҷишҳо дар нуқтаҳои сарҳадӣ зодагони Тоҷикистон таҳти фишор қарор мегиранд. Хоҳишмандони вуруд ба Русия дар гузаргоҳҳо маҷбур мешаванд, ки чандин рӯз навбат истанд ва дар охир посухи рад мегиранд.
Аз ҳамин хотир, қаблан низ Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба тоҷикон тавсия дода буд, ки аз сафар ба ин кишвар муваққатан худдорӣ намоянд. Аммо сабаби якбора пурзӯр гаштани назорат дар нуқтаҳои сарҳадии Беларус ҳангоми вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ҳанӯз маълум нест.