Formula september
Аз рӯзи аввал ба келин сахтгирӣ накунед, хушдоманҳо!
07.09.2024
ОИЛА.ТҶ
309

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» сокини маҳаллаи Обшорони шаҳри Панҷакент, модари меҳрубон Барфӣ Назарова ҳастанд.

Нуқтаи назари меҳмонамон дар мавриди муносибатҳои келину хушдоман чунин аст:

- Ман се келин дорам ва аз рўзе, ки ҳарсеяшон ба ҳавлии ман қадам ниҳоданд, онҳоро бо меҳрубонӣ пешвоз гирифтаму дар зиндагии мустақил роҳбаладашон будам. Келинҳоям ҳамагӣ маълумоти олӣ доранд ва кор мекунанд.

Барои хуб шудани муносибати келину хушдоман аз рўзи аввал бояд аз эроду сахтгирӣ сар накунем, ба ҳар ҳол, келин ба ҷойи нав, хонадони нав, урфу одати нав ворид мегардад. Агар хўроки арўси нав ба хости дил набошад ҳам, онро таъриф карда хўрем, оянда кўшиш мекунад хӯроки беҳтар омода созад. Ҳолатҳое мешавад, ки аз хоб дертар мехезанд ҷавонон, як рўз агар хушдоман наҳорӣ тайёр кунад, ҳеҷ гап надорад. Баъд, эродро ҳам дар ҷомаи маслиҳат гўем, дили касе намеранҷад.

Албатта, муносибатҳои хонаводагӣ нозукиҳои зиёд доранд, хушдомани оқил бояд аз ҳамаи ин нозукиҳо бохабар бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД