Sebiston new 2024 october
Аз рӯйи модарам дузана шудам, вале...
17.07.2024
ОИЛА.ТҶ
1763

Салом! “Биҳишт дар зери пойи модарон аст ” гуфтаанд ва албатта ман ҳам модарамро дӯст медорам, вале ҷонам аз ғурбати модар ба лабам расид ва маҷбур шудам, ки дарди диламро нависам.

Мо дар оила ду писар ва чанд духтарем. Ман марди баркамоли 32 солаам, додарам бошад нав ба 24 даромадаасту ҳанӯз зан надорад.

Азбаски писари калонӣ ҳастам, тамоми бори зиндагӣ ба дӯши ман бор буд. Чандин сол дар Русия кор карда, тамоми пули кор кардаамро барои ободонии хонаву дарамон сарф намудам. Хонаҳои падарии кӯҳнаро чаппа карда, ба ҷояшон хонаи дуошёна бунёд намудам, дар қабаташ ҳаммому ошхонаю оғил сохтам.

Ҳамон вақти дар Россия буданам маблағ равон кардам, ки ҳуҷҷатҳои хонаро тахт карда, сертификату техпаспорт бигиранд, вале акнун модарам ду пояшро ба як мӯза андохта, талаб карда истодааст, ки ҷоямро ёфта, хонаро холӣ кунам. Бо сад ранҷу азоб 5 дар хона сохтам, вале модарам имрӯз маро бо аҳли оилаам аз дар берун карданист.

Сабаби ғурбат ва ҷангу ҷанҷоли модарам духтараш аст. Хоҳарамро шавҳараш бо 2 фарзанд 3 талоқ кард ва модарам мехоҳад моро аз дар берун кунад, то хона ба духтару набераҳояш монад.

Дар ҳаққи модар бадгӯӣ кардан хуб нест, аммо бояд иқрор шавам, ки ман аз рӯйи модарам аллакай як маротиба хонавайрон шудаам. Зани якумам ба ҷангу ҷанҷол ва ғурбати модарам тоб наоварда, бо як писар аз хона баромада рафт. Маҷбур шудам, ки дубора оиладор шавам. Айни замон аз зани дуюмам ҳам як писарча дорам. Ҷони ин занам ҳам аз ҷангу ҷанҷоли модарам ба лабаш расидааст, агар ҳамин хел давом кардан гирад, ягон рӯз баромада меравад.

Модарам калонсол мешуд, мегуфтам, ки пир аст, барои ҳамин асабаш вайрон шуда, рӯз то бегоҳ ғурбат мекунад, вале модари ман ҷавон аст, нав ба 50 қадам гузоштааст. Намедонам чи дард дорад, ки аз субҳ то шом маро дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, дуоҳои бад мекунад. Номамро гӯё фаромӯш карда бошад, фақат хар гуфта садоям мекунад.   Моиндар мебуд, аламам намеомад, вале охир модари худам аст. Намедонам чаро зане, ки маро ба дунё овардааст, якбора бо ман ин қадар душман шуда, ҷойи куштанамро намеёбад.

Аслан ба ман хонаву дарашон лозим нест, фақат маро паст зада, дашному ҳақорат надиҳанд, кифоя аст, охир дар назди занам шарм медорам...

Хулоса, ҷонам аз ғурбати модар чунон ба лабам расидааст, ки баъзан мехоҳам худамро ба дор овезам.Дар чорсӯйи зиндагӣ дар мондаам. Барои фарзандам алимент месупорам, аз ин занам низ фарзанд дорам, агар аз хона баромада равам, имконияти пулии ба иҷора гирифтани хонаи дигарро надорам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

МУСУЛМОН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД