Салом! Ман як зани муҳоҷири тоҷик аз Волгоград, мехоҳам сарнавишти талхамро ба шумо нақл кунам.
Бисёриҳо гумон мекунанд, ки занҳои тоҷик аз сари шавқу ҳавас ё ба хотири дунёро дидан хонаву дарашонро партофта, ба муҳоҷират мераванд, вале дар асл ин тавр нест.
Шахсан маро бахти сиёҳам дар зиндагӣ овораю сарсон намуда, ба Русия овард. Бо сад орзую ҳавас ба шавҳар баромадам, вале ҳамсарам нохалаф баромад. Вай маро ҳатто ба акаю додари худаш рашк карда, чунон мезад, ки дар баданам ягон ҷойи обод намемонд. Дар муддати се моҳ тамоми аъзои баданам аз зарби мушту лагад сиёҳу кабуд ва маъюб шуда, ягон ҷойи ободам намонд. Аз тарси он ки ягон рӯз шӯйи бадрашкам маро зада накушад, гурехта ба хонаи падару модарам рафтам ва қасам хӯрдам, ки дигар шавҳар намекунам.
Ду бародар дорам, ки бечораҳо базӯр зану фарзандони худашон ва падару модарамро мехӯронанд. Дарди сари онҳо нашавам гуфта ба муҳоҷират омадам. Пештар таърифи Русияро бисёр шунида будам ва гумон мекардам, ки дар ин ҷо одам ба осонӣ бою бадавлат мешавад, вале баъди омадан фаҳмидам, ки азоби холӣ будааст. Ҷонат ба лабат меояд, то чор танга пул кор мекунӣ. Ман дар яук ошхона кор мекунам. Шароити зиндагиам вазнин аст, дар як хона 10 зан зиндагӣ карда истодаем, вале азоби гӯрро кашам ҳам, то пули як хонаро ҷамъ накунам, намеравам. Дилам аз ҷинси мард мондааст, мехоҳам миннати ягон номардро нашунида, бо меҳнати худам соҳиби хонаю дар шавам ва одамвор зиндагӣ кунам!
Ба занону духтароне, ки орзуи ба Русия сафар кардан доранд, гуфтаниям, ки ҷои гармашонро хунук накунанд. Азобе, ки мо дар ин ҷо мекашем, дар Тоҷикистон нисфаш нест. Медонам, ки шароити молии мардуми мо хуб нест, вале ними нон-роҳати ҷон гуфтаанд. Дар Ватан як сарпаноҳ дошта бошанд, ҳаргиз фикри муҳоҷиратро накунанд!
З. И.