Formula novemver 2024
Аз пулҳои қалбакӣ эҳтиёт бошед!
341

Бонки миллии Тоҷикистон баъди паҳн шудани чанд навори пулҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шаҳрвандон хостааст, ки дар вақти додугирифт эҳтиёткор бошанд.

Чанд нафар корбари шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус ронандагони таксӣ шикоят кардаанд, ки муштариён ба онҳо пулҳои қалбакӣ додаанд. Дар ин пулҳо ба ҷойи Бонки миллии Тоҷикистон “Чиптаи бонки Шӯхӣ" навишта шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон бидуни овардани номи касе навиштааст, ки баъзе ашхос ё гурӯҳ кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз техникаи нусхабардории ранга бо ҳар роҳу восита пулҳои қалбакиро ба муомилот бароварда, мардуми ноогоҳро фиреб диҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД