Ман зани аз шавҳар ҷудо ҳастам ва ду кўдак дорам. Барои хариди хона маблағ ҷамъ карда истодаам. Хонаамро ба бародарам фурўхтам. Ними маблағи хонаро додааст, нимашро не. Оё закот додан бар ман лозим аст?
Шаҳло
Ба саволи хонандаи мо яке аз уламои шинохтаи кишвар, домуллои Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори Раёсати фатво чунин посух гуфт:
-Хоҳари азиз, агар маблағи ҷамъ кардаатон ба ҳадди нисоби шаръӣ, яъне 35000 сомонӣ расида бошад, аз он закот пардохтанатон лозим меояд.