Formula novemver 2024
Аз писаронат намонӣ, мардак!
26.08.2023
ОИЛА
1541


Салом ба хонандагони сомонаи “Оила”. Мехоҳам дар бораи зиндагиномаи худ нақл кунам. Аз хурдӣ аз модар ятим мондаму маро модаркалонам ба воя расонидааст.

Баъди ба балоғат расиданам хешу табор маро ба як ҷавони шиносашон ба шавҳар доданд. Мардҳои хонаводаи шавҳарам бо шаробхорӣ ном бароварда будаанд.

Баъди як моҳи тӯй шавҳарам ба муҳоҷират рафту якбора се сол ба Ватан наомад. Ман насибу тақдир гуфта, хизмати ин хонаводаро кардам. Шавҳарам аз Русия омаду мо соҳиби се фарзанд шудем. Аввалҳо шавҳари ман шароб наменӯшид, ҳоло бошад, пурра ба шароб дода шудааст. Бори охир ба Русия рафту чор сол боз наомадааст.

Ҳар боре, ки занг мезанам, телефонашро зани русзабон бардошта, ҳақоратам мекунад. Шавҳарам бошад, масту аласт гӯширо бардошта, дод мегӯяд, ки дигар занг назанам. Дар муддати чор сол ягон бор ба мо пул нафиристодааст. Худам ноилоҷ ба кор баромадам. Писараконам доимо аз ман дар куҷо будани падарашонро мепурсанд.

Ҳар боре ҳамсоямард аз муҳоҷират биёяд, писари калониям давида ба хонаи ӯ рафта, мепурсад, ки чаро дадаи маро ҳамроҳатон наовардед. Чунки чор сол пеш шавҳарам ҳамроҳи ҳамсоя ба Русия рафта буданд. Бевафоии шавҳарам дили маро дардманд кардааст. Ба писараконам сирро бой надода мегӯям, ки падари шумо беҳтарин аст.

Тавассути ҳафтаномаи “Оила” ба шавҳарам гуфтаниам, ки “мардак, то кай дар мулки рус фанд хӯрда мегардӣ? Баргард ба назди шоҳписаронат. Фардо писаронат туро ба хок месупоранд, на зани русат!”

П.Ш.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД