arzon replenishment
Аз падару модар пинҳонӣ никоҳ кунӣ, бадбахт мешавӣ?
30.10.2024
Оила
1422

 

Ман мехоҳам бо як ҷавонзан, ки нав аз оилааш ҷудо шудааст издивоҷ кунам, вале волидайнам ба интихоби ман розӣ нестанд. Ин занро дар ҳақиқат дӯст медорам ва мехоҳам пинҳонӣ бо ӯ никоҳ кунам. Ин амал дуруст аст ё нодуруст?

Бурҳон аз н. Рӯдакӣ

 Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Бародари азиз, мо борҳо дар саҳифаи “Оила ва Ислом” ба ин савол посух гуфтаем. Агар Шумо дар сомонаи Оila.tj ҷустуҷӯ кунед, он пурсишу посухҳоро пайдо хоҳед кард. Ин саволи шумо ду ҷанба дорад. Якум, никоҳи ҷавони муҷаррад бо бевазан. Дар ин масъала дини ислом ҳеҷ монеа намегузорад. Агар иддаи талоқи он зан сипарӣ шуда бошад, никоҳи шумо аз нигоҳи исломӣ дуруст аст. Зеро дар никоҳ муҳим розигии тарафайн аст. Дуюм, розигии падару модар. Агар падару модар аз он никоҳ розӣ набошанд, зиндагии шумо бебаракат хоҳад шуд. Чунки дуои волидайн барои саодати зиндагии фарзандон бисёр муҳим аст. Ягон падару модар дар зиндагӣ бадии фарзандашро намехоҳад. Бинобар ин, шумо ҳатман дуои хайри волидайнатонро бигиред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД