Arzon march 2024
Аз овоза то ҳақиқати тавлиди ҳаштгоник дар Хуҷанд
1205

Дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоие пайдо шуд, ки аз тавлиди ҳаштгоник дар шаҳри Хуҷанд пайғом медиҳад Дар он гуфта мешавад, ки як зани 26-сола дар шаҳри Хуҷанд якбора ҳашт фарзанд-як писару 7 духтар таваллуд кардааст. Ин хабар рост аст ё дурӯғ?

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, зане бо чанд тифли навзод тасвир ёфтааст. Маъмулан занҳо ҳатто ҳангоми тавлиди якгонику дугоник сахт азоб кашида, чанд рӯз ба худ намеоянд, вале дар чеҳраи зани дар навор буда, ягон осори дард ё азоб кашидан дида намешавад. Зан бештар ба қаҳрамонони сериалҳои туркӣ монандӣ дорад, ки нақши модари хушбахтро бозида истодааст...

Ба хотири аниқ кардани он ки тавлиди ҳаштгоник дар Хуҷанд рост аст ё дурӯғ мо ба Вазорати тандурустӣ занг задем. Дар тамоси телефонӣ намояндаи вазорати тандурусти ин хабарро рад карда ба хабарнигори Оила. тч гуфт, овозаи тавлиди ҳаштгоник дар шаҳри Хуҷанд асос надорад.

Зане, ки ҳаштгоник таваллуд кард, кист?

Дар асл соли 2009 дар кишвари ҳамсояамон Ӯзбекистон зане бо номи Надья Сулаймон ҳаштгоник ба дунё оварда буд. Ин зан шаш фарзанд дошт ва бо тавлиди ҳаштгоник шумораи бачаҳояш ба 14 нафар расид. Ҳаштгоникҳои Надя Сулаймон то имрӯз зиндаву саломат буда, аллакай 14-сола шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД