Arzon march 2024
АЗ ОШИҚИ ЗОЛИМ ДИЛ КАНДА НАМЕТАВОНАМ
02.05.2021
Оила
4714


Ҳаёт аҷиб будааст, яке дар ҳасрати ту месӯзаду ту дар ғами дигаре обу адо шуда мегардї.
Ҷавонеро дӯст медорам ва барояш тайёрам ҳатто ҷонамро нисор намоям.

Эҳ, чи корҳоеро, ки ба хотири ишқам накардам, вале бо ҳеҷ роҳ дилашро наёфтам, ки наёфтам. Қадрамро намедонаду маро бо суханҳои носипосонааш ҳамеша мегирёнад. Магар метавон аз чунин маҳбуб ваъдаи васлро умедвор гашт?

 

Магар метавон ба фардои нек ва зиндагии хушбахтона умед баст?

Медонам, ки чархи замона хеле тез тоб мехӯрад ва ҳар лаҳзаи умрро бояд ғанимат донист, вале бо ҳама ҷабру ҷафош дили ошиқамро аз ин ишқи бе умед канда наметавонам. Барояш дарун-дарун сӯхта ба бистари беморӣафтидам, вале вай заррае парвои сӯзу сози маро надорад. Намегӯям, ки дигар харидор надорам, талабгоронам зиёданд, вале диле, ки сарсупурдаи муҳаббати мардест, наметавонад ишқи дигареро қабул намояд. Маслиҳатам диҳед, чи кунам?

Гулсифати Раштӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД