Arzon march 2024
Аз ноумедӣ ба ҳаёт то вазифаи муовини раис (ВИДЕО)
1706
Аз ноумедӣ ба ҳаёт то вазифаи муовини раис (ВИДЕО)

СУНАҲВАРОЙ ЯРОВА, ҲАМАРӮЗА 6 КМ РОҲРО ПИЁДА ТАЙ НАМУДА, БА КОРГОҲ МЕРАВАД. Ӯ МУОВИНИ РАИСИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ АЛМОСИИ Ш. ҲИСОР МЕБОШАД. АҲОЛИИ ИН ҶАМОАТ 27 950 НАФАР БУДА, ҲАМАРӮЗА СУПОРИШҲОРО БО ҲАМКОРОН БАРРАСӢ МЕНАМОЯНД. АЗ 400 ХОҶАГИҲОИ ИНФИРОДИИ АМАЛКУНАНДА 70 НАФАРАШОНРО ЗАНҲО ТАШКИЛ МЕДИҲАНД. СОБИҚАИ КОРАШ 26 СОЛ АСТ. ҲАМЧУН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ 10 СОЛ АСТ, КИ ФАЪОЛИЯТ ДОРАД.АҲОЛИИ ИН ҶАМАОТ 27 950 НАФАР АСТ ВА Ӯ ҲАМАРӮЗА СУПОРИШҲОРО БО ҲАМКОРОН БАРРАСӢ МЕНАМОЯНД. БАЪД АЗ АНҶОМИ СОАТИ КОРӢ БА КОРУ БОРИ ХОНА МАШҒУЛ МЕШАВАД. Ӯ ДАР 20 СОЛАГӢ ОИЛАДОР ШУДУ СОҲИБИ 2 ПИСАР ГАШТ. ШАВҲАРАШ БАР АСАРИ БЕМОРӢ ДАРГУЗАШТ ВА ОНҲО БЕСАРПАНОҲ МОНДАНДУ БА ХОНАИ ВОЛИДОН БАРГАШТАНД.СУНАҲВАРОЙ ТО БА ИН ЗИНАҲО РАСИДАН УМЕД НАДОШТ, ВАЛЕ ОРЗУШҲОЯШ ӮРО УСТУВОРУ ПОБАРҶО НАМУД. ИМРӮЗ ҲАМА ОН ЧИЗЕРО, КИ ОРЗУ ДОШТ, СОХТ ВА РОҲИ ДУШВОРГУЗАРӢ ЗИНДАГИРО САБУРОНА ТАЙ НАМУД.

Видеои мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. "Оила" барои муҳтавои ин мавод масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА-ро инъикос намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД