Ман баъзе мусулмонони носолеҳи бадкорро мешиносам. Донистан мехостам, ки агар аз номи онҳо як миқдор пул садақа кунам, қабул мешавад ё не? Дар рӯзи қиёмат онҳо медонанд, ки бахше аз ҳасаноташон аз ҷониби касест, ки аз номи онҳо садақа кардааст?
САРВАР, ш. Бохтар
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Бале, барои шумо ҷоиз аст, ки аз номи бародари мусулмонатон садақа бидиҳед, гарчанде ки ӯ муртакиби баъзе гуноҳон ҳам бошад.
Аз Аллоҳ таъоло хоҳонем, ки барои ин кор ба шумо подош бидиҳад. Шакке нест, ки онҳо дар рӯзи қиёмат хоҳанд донист, ки шумо аз номи онҳо садақа кардаед.