Ман ду моҳ пас ба нафақа мебароям. Ба хотири он ки соли кориам кам аст, шояд нафақапулиам кам бошад.
Ба ман фаҳмонед, ки оё аз нафақа андоз ситонида мешавад, агар ҳа, чанд фисад?
Гулмурод Раҳимов
Посух
Мувофиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нафақа андоз ситонида намешавад.