Sebiston new 2024 october
Аз муовинони Вазир то сардори Донишкадаи ҳарбӣ: Кӣ ба куҷо рафт?
488

Имрӯз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳ таъйингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Бобозода аз вазифаи фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, ба ин вазифа Раҳмоналӣ Сафарализода таъйин гардид.

Ҳамзамон, Сафарзода Ҷамшед Сафар муовини Вазири мудофиа оид ба тайёрии ҷангӣ, Носирзода Одил Раҳмон муовини Вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, Раҳимзода Музаффар Анвар муовини Вазири мудофиа оид ба корҳои сиёсӣ ва тарбиявӣ ва Саидзода Бобоҷон Абдуқодир муовини Вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ ва Абдусаттор Шоҳиён Сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Инчунин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Шамсиддин Маъруф Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоирзода Дилшод Амон муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуданд.

Ҳамчунин ба вазифаҳои муовини аввал ва муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони якчанд раёсату хадамоти Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, командирони баъзе қисмҳои ҳарбӣ, комиссарони ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ ва дар назди сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчанд кишвари хориҷӣ кадрҳои соҳибтахассуси ботаҷриба ва ҷавону корозмуда таъйин гардиданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД