arzon replenishment
АЗ МАРД БУДАН ХАСТА ШУДААМ
18.07.2021
ДИЛОШӮБ
2702

Албатта вайроншавии оила, зиндаятим намудани фарзандон, номи бади бевагиро гирифта гаштан дар ҷомеаи сунатии мо хеле душвор аст, аммо ман…

Дар аксар ҳолатҳо ба он занҳое, ки тавонистанд аз мардони беору занакча ҷудо шуда, худашон бори зиндагӣ кашанд, ҳасад мебарам. Шояд хонандаи азизи ҳафтавори «Оила» ба навиштаҳои ман бо назари дигар нигоҳ кунад. Яъне, зан набояд сири хонаводагияшро берун барорад, вале мехоҳам нависаму гӯяму диламро сабук кунам, вагарна ин дил мекафад, дигар тоқати кашидани ин қадар дардро надорад…

  Домоди хушкарда

Дар хонаамон байни шаш бародар духтари ягона ҳастам, шояд ҳамин ба ман асар карда, ки бо хислатҳои мардона бузург гаштам. Хеле меҳнатӣ, баору номусам, Донишгоҳи омӯзгориро хатм намудаам ва муаллимаи забони англисӣ ҳастам. Бояд бигӯям, ки зани хеле зебоям, бигузор худситоӣ шавад, хушдорони зиёде доштам, вале падарам маро ба писари як рафиқаш дод. Шавҳарам дар оилаашон писари ягона буд ва чор апа дошт, ҷавони коматбаланди зебо, ӯ низ Донишгоҳи омӯзгориро хатм намуда бошад ҳам, дар дигар соҳа кор мекунад. Ҷойи кораш сердаромад бошад ҳам, пули ёфтаашро сарфи ҷӯрабозӣ мекард. Мо дар яке аз ноҳияҳои атрофи пойтахт зиндагӣ мекунем, падарам ҳамеша мегуфтанд, ки Аҳмад бачаи хуб аст, аз сураташ маълум-ояндаи хуб дорад. Ман низ ба гапи падарам гӯш кардаму ба шавҳарам бовар. Шавҳарам ҳамеша зебо мепӯшид, бамазза мехӯрд, бо апаҳояш хеле меҳрубон буд. Ҳарчанд хоҳаршӯйҳоям хонаву дари ободу шӯйҳои пулёб дошта бошанд ҳам, шавҳарам барои онҳо тӯҳфаҳои гаронбаҳо мехарид. То ҷое фаҳмидам, худашро дар назди язнаҳои бою бадавлаташ нишон медод, яъне ман аз шумо кам нестам. Ман чизе намегуфтам, зеро хонаву дарамон оддию камбаѓалона бошад ҳам, зиндагиямон бад набуд. Хусурам кор мекарду ҳама шароитро барои мо мӯҳайё месохт.

       Зиндагӣ бар гардан афтод….

 

Панҷ соли зиндагӣ ба ҳамин минвол гузашт. Мо соҳиби як писару як духтари ноздона гаштем. Дар ин муддат хусурам аз бемории сактаи маѓзи сар вафот карду хушдомани меҳрубонам аз пайи ӯ сар монд. Як сол хушдоманамро бемордорӣ кардам ва ӯ низ аз дунё гузашт. Пас аз додани маъракаҳои хусуру хушдоманам ба кор баромадам, дар мактаб муаллима шудам. Шавҳарам акнун худат кор мекунӣ гуфта, ягон чизи хӯрданӣ намехарид. Тамоми зиндагӣ ба гардани ман афтода буд. Ростӣ, як рӯз қаҳрам омаду бо ӯ ҷанг кардам. Гуфтам то кай мо дар хонаҳои аз даври даққи Юнус мондагӣ зиндагӣ мекунем. Мард шав, миёнатро маҳкам баста, аз пайи ободии зиндагият шав. Аҳмад ба ҷойи андеша кардан маро зери мушту лагад кашид ва ман қаҳр карда, ба хонаамон рафтам. Як ҳафта дар хонаамон мондам, касе ба суроѓам наомад. Падарам “бояд ба хубӣ ба шавҳарат мефаҳмондӣ” гӯён, маро ҷанг кард. Модарам бошад, ба ҷойи дастгирӣ сари гапу поёни гап- Қурбоқа шӯ дорад-обрӯ дорад гуфта, ҷонамаро ба нӯги биниям овард. Онҳо диданд, ки шавҳарам ба суроѓам намеояд, худашон маро гирифта, ба хонаам бурданд. Падарам Аҳмадро ба хона дароварда, дар танҳоӣ ҳамроҳаш чӣ маслиҳате кард, ки аз ҳамон рӯз сар шуд рӯзи сиёҳи ман…

  ШАВҲАР НЕ, ЗАН…

Пас аз чанд рӯзи ин ҷанҷол бародаронам маводҳои сохтмонӣ харида, усто дароварда хонаамонро таъмири капиталӣ карданд. Ҳама ашёҳои кӯҳнаро бароварда партофта, чизу чораи нав харидем. Апаҳои шавҳарам, ки бою бадавлатанд, ҳатто як тин ёрдам накарданд. Баъди ба охир расидани таъмир ба хона омада, “ҳа, падарам барои он туро келин гирифта буд, ки шаш бародар дорӣ ва ёрдамчии Аҳмад мешаванд” гӯён рафтанд.

Ростӣ, аламам кард, аз беқадрии худам ҳам дар назди шавҳараму ҳам дар назди падару модарам. Охир, ман аз кӣ камам, ки пайвандони ман маро мисли бевазанҳо бояд нигоҳубин кунанд? Шавҳарам, ҳатто раҳмат нагуфт, гӯё аз вай ҳама қарздор бошанд бо кару фар меомаду мерафт, ҷӯраҳояшро ҷеғзада, зиёфат медод. Ман гӯё шавҳар не, зан гирифта бошам худамро ба чор тараф мезадам. Дар мактаб дарс медодам, шабҳо ширинӣ пӯхта, ба маѓозаҳо тақсим мекардам, дарси иловагӣ медодам… Хулоса, мардаки таппа тайёр. Фарзандон ҳам калон мешуданду азобҳои маро медиданд, бо ҳамин қадар азоби зор боз дар тарбияи фарзандон саҳм доштам. Кӯшиш мекардам онҳо оқилу доно ба воя расида, бо дониши худашон ба донишгоҳҳо дохил шаванд. Падарашонро ба ин ҳама коре набуд, худашро медонисту кайфу сафояшро. Ман бо ӯ понздаҳ сол зиндагӣ карда, намедонистам, ки чанд сум маош мегирад. Ҳеҷ гоҳ куртаи шавҳарро напӯшида, ҳатто рӯймолчаеро аз дасти ӯ нагирифта будам. Вале тоқат мекардам, охир –Қурбоққа шӯ дорад-обрӯ дорад!

Инак, сӣ сол мешавад, ки ман ба хотири номи зани шӯдор бо як марди бемасъулият зиндагӣ дорам. Духтарам Донишгоҳи тиббиро хатм карда, ба як ҳамсабақаш ба шавҳар баромад. Пеши қудою анда шарманда нашавам гуфта, аз бонк қарз гирифта, тӯяшро гузаронидам. Шукри Худо имрӯз зиндагии тинҷу осуда дорад. Писарам низ имсол донишгоҳро хатм карду дар бонке ба кор даромад, нав қарзи барои тӯйи духтарам гирифтаро кандам. Хостам қарз гирифта, келин фарорам, аммо писарам мегӯяд, ки шарт нест. Ман аввал кор мекунам, пул ҷамъ мекунам, хонаҳоро канда, хонаи дигар месозам, баъд зан мегирам. Корхонаи шавҳарамро бастанду ҳоло дар як ҷойи дигар кор мекунад ва ҳамеша менолад, ки маошаш кам аст. Акнун ӯ пеши писарам шарт мондааст, ки пули ёфтаатро оварда, ба ман медиҳӣ. Писарам оромона ба ӯ фаҳмонд, ки “дада, ман нақшаҳои зиёд дорам. Зиндагии хонаро модарам пеш мебарад, ту ақаллан барои худат пул ёб”. Ин гап шавҳари тайёрхӯрамро девона кард. ӯ ба унвони ману падару модари кайҳо фавтидаам ҳақоратҳои болохонадоре фиристод, ки писаратро маст кардаӣ. Шавҳарам «бемор»-ии нав пайдо кардааст, шабу рӯз бо занон дар телефон нависонавис мекунад. Худро мисли ҷавонон орою торо дода, ба кӯча мебарояд, ҳатто шабҳо бедарак мешавад. Писарам мегӯяд, ки “оча, охир ман бояд зиндагиямонро беҳтар кунам, агар маошамро оварда, ба падарам диҳам, чӣ кор карда метавонам?” Дар сари пириҳо ѓурбати дигар домангирам шуда, акнун пушаймон... Хок бар сари ҳамин қурбоққагию обрӯяш…

Аз ҷое, ки қадрат намекунанду дӯстат намедоранд бояд рафт, бо марди беномус зиндагӣ ҳайф аст… ҳайфи умрам….

                                                                     Гулмира

         

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД