Formula novemver 2024
Аз люк баромаданду ронанда чизе нагуфт
1534

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Ифтихор Абророви 39-соларо, ки истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” мебошад, боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, ӯ санаи 8-уми апрели соли ҷорӣ тавассути автомашинаи худ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст. Наворе, ки дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” паҳн шудааст, дида мешавад, ду нафар зан худро аз тирезаи болоии (люк) автомашинаи ӯ ба берун бароварда, бо амалу ҳаракат ва ишораҳои ғайриахлоқона, ҳамзамон бо садои баланд тартиботро халалдор сохтаанд.

"Ҳангоми хизматрасонии мусофирбарӣ ба 4 нафар шаҳрванд, ки зоҳиран дар ҳолати мастӣ қарор доштанд, ду нафар ҷавонзан қисме аз бадани худро аз тирезаи болоии автомашина ба берун бароварда, тартиботро вайрон карда, ҳолати хатарнокро ба вуҷуд оварданд", - навиштааст манбаъ.

Ин амал чандин маротиба такрор ёфта, боиси норозигии шаҳрвандон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ гаштааст. Ронанда ба ин амалкарди мусофирони худ беаҳамиятӣ намуда, эроди ҷиддӣ нагирифтааст, ки номбурдагон ҳаракати худро идома додаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба ронанда - Аброров Ифтихор, барои бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул гардидан тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД