Суҳроб Ҷанҷолов, ҳунарпеша, коргардон ва омӯзгор имрӯз зодрӯз дорад. Ба ин муносибат мухбири Oila.tj бо ҳунарманд тамос гирифта, ӯро ба ин саннаи фархунда умр табрик гуфт.
Ҳунарманд гуфт, аввалин нафаре, ки ӯро ба зодрӯзаш табрик кардааст, модараш аст. Баъдан фарзандон ва ҳамкорону ҳаводоронаш, ки гуруҳе дар Фейсбук саҳифа доранд, шодбошаш гуфтанд.
Бояд гуфт, ки ин ҳунарманди хушсалиқа то ҳол ягон унвон надорад. Суҳроб Ҷанҷолов ин вазъиятро чунин шарҳ дод.
“Унвон танҳо қадрдонӣ аст. Чор ё панҷ сол пеш унвонеро бароям пешниҳод карданд, аммо хостанд насабамро иваз кунам, вале ман накардам. Онҳо низ унвонро надоданд”, - гуфт ӯ.
Ҳини суҳбат бо Oila.tj Мавлона Наҷмиддинова, ҳунарпеша ва ҳамкори соҳибҷашн гуфт, бояд ба ин ҳунарманд кайҳо унвон дода мешуд, зеро Суҳроб дар театр аллакай солҳои зиёд хизмат кардааст ва барои рушди театри тоҷик саҳми босазое ҳам гузоштааст.
Суҳроб Ҷанҷолов дар мавриди таҷлили мавлудаш гуфт, онро рӯзона дар доираи ҳамкорон ҷашн гирифту шаб бо аҳли оила сари миз хоҳанд нишаст.
Сӯҳроб Ҷанҷолов 9 октябри соли 1976 дар деҳаи Арзановаи ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Мактаби ибтидоиро дар зодгоҳаш хатм карда, соли 1995 ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуд. Ӯ аз соли аввали таҳсил бо Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҷмудҷон Воҳидов ҳамкорӣ дошт ва имрӯз ба ҳайси муовини директори ин боргоҳи ҳунар фаъолият дорад.
Ҷанҷолов ҳамзамон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ҳунармандони оянда дарс гуфта, дар ин баробар, дар таҳияи чандин намоишномаи хубу диданӣ ҳамчун коргардон ё иҷрокунанда нақш дорад.