Боре андеша кардаед: кор карданро бештар дӯст медоред ё харҷ карданро? Чунин ба назар мерасад, ки бархе одамон ба ҷойи меҳнат, бештар ба хароҷот майл доранд. Ин ҳолат, ҳарчанд ба назар содда менамояд, паси он сабабҳои равонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нуҳуфтаанд.
Зиндагии зебо ё намоишкорона?
Солҳои охир, як зуҳуроти ҷолиби таваҷҷуҳ дар ҷомеа, хусусан дар кишварҳои рӯ ба рушд, мушоҳида мешавад. Ҳарчанд мардум ба таври бошиддат кор намекунанд, аммо хароҷоти бештар мекунанд. Оё ин нишонаи беҳбудии иқтисодӣ аст ё як мушкили амиқи иҷтимоӣ?
Аз дидгоҳи коршиносон, ин падида сабабҳои иқтисодӣ, равонӣ ва иҷтимоии зиёд дорад.
Якум, хароҷот. Натиҷаи фаврӣ, кор, заҳмати дарозмуддат. Яке аз сабабҳои аслии майл ба хароҷоти бештар, дар муқобили кор кардан, ин хислати инсонӣ аст. Инсон ба чизе тамоюл дорад, ки зудтар ба ӯ қаноатмандӣ диҳад.
Дуюм, кори ҳаррӯза, махсусан агар маоши паст ва шароити номусоид дошта бошад, дар назари бисёриҳо на воситаи рушд, балки як навъ фишор ва ранҷ ҳисоб мешавад. Дар муқобил, харид кардани чизҳои нав - телефон, либос, сафар ба ҳар макон ҳисси қаноатмандӣ мебахшад, ки таъсири равонии мусбат дорад.
Сеюм, фишори иҷтимоӣ ва намоишкорона. Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ, таблиғот ва фарҳанги “зиндагии зебо” бисёриҳоро водор мекунад, ки на бо кору ҳунар, балки бо зоҳири зиндагӣ худро муаррифӣ кунанд.
Ин раванд на танҳо дар ҷомеаи пешрафта, балки дар кишварҳои мо низ маъмул шудааст. Масалан, шахсе метавонад даромади миёна дошта бошад, вале талош мекунад, ки либоси брендӣ, мошини нав ё ҷузвдонҳои гаронбаҳо бихарад. Танҳо барои намоиши сатҳи иҷтимоӣ.
Чорум, камбизоатӣ ва набудани маърифати молиявӣ. Мутаассифона, сатҳи маълумот ва фарҳанги молиявӣ дар ҷомеаи мо ҳанӯз ҳам дар сатҳи зарурӣ нест. Бисёре аз сокинон сохтани буҷаи оилавӣ, пасандоз ва сармоягузориро ё намедонанд ё муҳим намешуморанд. Яъне, сарсарӣ ва ба ибораи дигар, пеш омад, хуш омад.
Вақте маош ба даст меояд, зуд онро барои харид ё тафреҳ сарф мекунанд. Ин амали онҳо бе андеша ба фардо аст. Албатта, ин ҳолат ниҳоят ба қарздорӣ, нооромӣ дар зиндагӣ ва бесуботии иқтисодӣ мебарад.
Панҷум, бовар ба он ки “як бор зиндагӣ мекунем”. Муаассифона, фалсафаи “як рӯз зиндагӣ мекунем” маҳз дар байни ҷавонон ва ҳатто калонсолон бештар маъмул шудааст. Дар шароити бебарқӣ, набудани ҷойи кор ё маоши кам, бисёре фикр мекунанд: “Ғами имрӯзро хурем, фардо чӣ мешавад, мебинем”.
Ин тарзи андеша, дар як давраи кӯтоҳ оромӣ мебахшад. Аммо дар оянда ва дарозмуддат иқтисоди хонавода ва шахсро ба пастӣ мебарад.
Кор бояд маъно дошта бошад
Дар ҷомеаи муваффақ, кор на танҳо воситаи пулёбӣ, балки маънои зиндагӣ аст. Вақте шахс ҳис мекунад, ки кораш таъсиргузор ва қадр шудааст, ӯ онро дӯст медорад ва дар он рушд мекунад. Аммо дар муҳити коре, ки маош паст, шароит заиф ва муносибатҳо носолиманд, одамон аз кор дилсард мешаванд. Ҳамин тавр, вақте кор маъно надорад, хароҷот барои лаҳзае фаромӯш кардани мушкилот интихоб мешавад.
Зиндагии беҳтар маънои хароҷоти зиёд надорад. Он аз идораи дурусти молиявӣ, дарки сарфу пасандоз ва қадр кардани меҳнат оғоз мешавад.
Меҳнат пояи пешравӣ аст. Вақте арзиши онро бидонем, хароҷоти мо низ боақлона ва фоиданок мегардад.
Усмон РАҲИМЗОДА