Ҳамасола аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр дар саросари ҷаҳон маъракаи бузурги “16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ” гузаронида мешавад, ки ҳадафи асосии он пешгирӣ намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар оила ва ҷомеа мебошад. Соли равон маъракаи мазкур ба мавзӯи хеле муҳим ва актуалӣ - зӯроварии рақамӣ бахшида шудааст. Зӯроварии рақамӣ чист ва дар кадом шаклҳо зуҳур мекунад? Киҳо бештар ба зӯроварии рақамӣ гирифтор мешаванд? Барои пешгирии ин падидаи номатлуб чӣ бояд кард? Сари ин мавзуи муҳим бо равоншинос Ганҷина Салимова суҳбат оростем.
- Ганҷинабону, сароғоз бигӯед, ки зӯроварии рақамӣ чист?
- Зӯроварии рақамӣ (cyber violence) - маҷмӯи амалҳои зарароварест, ки бо истифода аз техналогияҳои иттилоотӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ё дигар воситаҳои онлайн анҷом дода мешавад. Шаклҳои маъмултарини зӯроварии рақамӣ таҳқир, таҳдид, фишори равонӣ, паҳн кардани маълумоти шахсӣ бо мақсади рехтани обрӯи шахс дар ҷомеа мебошад.
- Киҳо бештар ба зӯроварии рақамӣ гирифтор мегарданд?
- Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ба зӯроварии рақамӣ бештар наврасон, занон ва шахсони дар фазои интернет фаъол рӯ ба рӯ мегарданд.
- Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо кадом намудҳои зӯроварии рақамӣ бештар ба мушоҳида мерасанд?
- Айни замон дар ҷомеаи мо шаклҳои зерини зӯроварии рақамӣ мавҷуданд:
• Кибербуллинг - озору таҳқир, масхара, паёмҳои бадномкунанда.
• Фишор ё таҳдидҳо (harassment) - ирсоли паёмҳои нохуш барои ба вуҷуд овардани тарс.
• Киберсталкинг - пайгирӣ ё ин ки назорати маҷбурӣ тавассути интернет.
• Фиреби рақамӣ (scam, grooming) - ҷалби шахс, хусусан наврас ба муоширати хатарнок тавассути боваркунӣ.
• Фейкҳо ва овозаҳои зараровар - паҳн кардани маълумоти бардурӯғ бо мақсади паст кардани обрӯи шахс.
Шаклҳои гуногуни зӯроварии рақамӣ метавонанд дар якҷоягӣ зуҳур намоянд ва таъсири чандкарата расонанд.
- Киҳо ба зӯроварии рақамӣ бештар осебпазир ҳастанд?
- Дар замони муосир, ки интернет ва фазои маҷозӣ ба як ҷузъи зиндагии рӯзмарраи мо табдил ёфтааст, ҳар як шахс метавонад гирифтори ин навъи зӯроварӣ гардад. Аммо, тавре таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ба зӯроварии рақамӣ бештар тоифаҳои зерин осебпазаринд:
- Кӯдакон ва наврасон, ки ҳанӯз сатҳи устувории равонӣ ва тафаккури интиқодиашон пурра ташаккул наёфтааст.
- Занон ва духтарон, ки аксар вақт ҳадафи таҳқирҳои ҷинсӣ қарор мегиранд.
- Шахсони камтаҷриба, ки малакаи рақамиашон чандон баланд нест ва қоидаҳои амнияти онлайниро пурра намедонанд.
- Шахсони фаъол, аз ҷумла блогерон ва кормандони иҷтимоие, ки ҳамеша дар мадди назари омма қарор доранд.
- Тавре худи шумо дар оғози суҳбат гуфтед, ба зӯроварии рақамӣ бештар кӯдакону наврасон ва занон гирифтор мешаванд. Барои муҳофизати онҳо аз чунин зӯроварӣ чӣ бояд кард?
- Бале, кӯдакон ва наврасон гурӯҳҳои асосии зери хатари зӯроварӣ қарордошта мебошанд. Аз рӯйи таҳқиқотҳои равонӣ, дар ин давра ҳисси «ман»-и шахс устувор нест ва шахсони дигар метавонанд ба ҳолати эмотсионалии кӯдак ё наврас таъсири калон расонанд.
Роҳҳои асосии ҳалли масъала инҳоянд:
• Баланд бардоштани саводнокии рақамӣ ва омӯзонидани қоидаҳои бехатарӣ.
• Назорати солим, яъне кӯдак ё наврасро ҳамроҳӣ намудани волидон дар фазои рақамӣ.
• Маҳдудияти итилоотии шахсӣ, яъне ҷойгир накардани суроға, акс ва ё маълумоти дигари шахсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
- Зӯроварии рақамӣ чӣ оқибатҳо дошта метавонад?
- Зӯроварии рақамӣ ба фаъолияти системаи асаб ва равандҳои эҳсосӣ таъсири манфӣ расонида, боиси пайдоиши изтироб, хастагии равонӣ, вайроншавии реҷаи хоб, стресси музмин мегардад ва мушкилоти мутобиқшавӣ дар ҷомеаро ба вуҷуд меорад. Дар сурати муддати тӯлонӣ дар ҳоли зӯроварии равонӣ қарор доштани шахс, зӯроварӣ метавонад оқибатҳои ҷиддиро ба бор орад, агар сари вақт шахс дастгирӣ наёбад.
- Ҳамчун равоншинос дар бораи таъсири зӯроварии рақамӣ ба ҳолати равонии шахс чӣ гуфта меатвонед?
- Ин гуна зӯроварӣ аз сабаби 24/7 дастрас будан таъсири бештар мерасонад. Аз ҳамин сабаб зӯроварии рақамӣ метавонад:
- Ҳисси бехатарии шахсро коста созад;
- Ба танҳоӣ ё ин ки ҷудошавӣ оварда расонад;
- Боиси пайдоиши тарси иҷтимоӣ гардад;
- Фаъолияти рӯҳии шахсро коҳиш диҳад;
- Барои пешгирии зӯроварии равонӣ чӣ бояд кард?
- Барои пешгирии зӯроварии рақамӣ омӯзиши саводнокии рақамӣ, истифодаи механизмҳои техникӣ, аз қабили блок кардан, маҳдуд намудани паёмҳо, муоширати солим дар оила ва мактаб, дастгирии шахси ҳадафи зӯроварӣ қароргирифта зарур мебошад. Агар шахс бар асари зӯроварии рақамӣ ба стресс ё изтироби рӯҳӣ гирифтор гашта бошад, бояд ҳатман ба мутахассисон муроҷиат намуд.