Дар ҳамсоягии мо Қумрӣ ном бевазане зиндагӣ мекунад. Бечора бо як писар аз шавҳараш ҷудо шуда, хотири он ки бачааш пеши пойи паиндар хору зор нашавад, умрашро ба танҳоӣ гузаронидааст. Ин зани меҳнатӣ худаш нахӯрда, писарашро мехӯронду худаш напӯшида, ӯро мепӯшонд. Дар се ҷо кор мекард, то ки писараш аз чизе танқисӣ накашад.
Хулоса, бо азобҳои алим писарашро калон кард ва сарфу хароҷоти зиёде карда, духтари як домуллоро келин кард. Саида аз рӯзҳои аввали арӯсиаш ба мо, ҳаққу ҳамсояҳо намефорид. Бисёр духтари катагинок ва мудом қошу қавоқаш овезон буд, вале ҳар гоҳ дар бораи келинаш пурсем, апаи Қумрӣ сир бой надода мегуфт, ки писараш бо занаш хушбахт бошад, барои ӯ кифоя аст. Баъдтар маълум шуд, ки духтари мулло на танҳо хушдоманашро ҳурмату эҳтиром намекардааст, балки бо шавҳараш низ мисли мушу гурба мудом ҷангу ҷанҷол карда, ҷони ҷавони бечораро ба лабаш овардааст. Рӯзе набуд, ки Саида доду фиғон бардошта, бо шавҳар ё модаршӯяш ҷангу ҷанҷол карда, ба ҳамсояҳо кинои бе пул нишон надиҳад, вале очаю бача ба ҳама нағмаҳои духтари мулло тоқат карда, мудом лаб зери дандон мегаштанд. Апаи Қумрӣ умед дошт, ки келинаш модар шуда, соҳиби фарзанд гардад, ақлаш ба сараш мезанад, аммо Саида дар байни чаҳор сол се писар таваллуд карда, тамоман аз худ рафт. Акнун хушдоманаш барои ӯ хизматгор гашта буд ва бо сари сафедаш тамоми кору бори хонаро анҷом медоду духтари мулло бо баҳонаи он ки кӯдаконаш хурданд ва шаб то саҳар ӯро хобидан намемонанд, то нисфирӯзӣ хирс барин хоб мерафт. Ҳар гоҳ ба хонаи Қумрӣ равем, ин зани синну солаш ба ҷое расидаро машғули хонарӯбӣ, дегу табақшӯйӣ, ҷомашӯӣ ё ягон кори дигар медидем. Чанд бор гуфтем, ки ҳамсоя, ин хел накунед, охир ин келин ба тори саратон баромадааст, гӯед, ки ақаллан сару либоси бачаҳояшро худаш шӯяд, вале апаи Қумрӣ “монед ҳамсояҷон, бо ин келини ман гап зада намешавад, бисёр шаттоҳ аст, даҳонатро кушоӣ, дарҳол доду фиғонро сар карда, кинои бе пул нишон медиҳад. Намехоҳам, ки аз рӯйи ман шуда, зану шавҳар ҷанҷол шаванд. Метарсам, ки писарам занашро талоқ дода, бачаҳояшро сағера накунад. Ман худам азоби сагро кашида фарзандамро бе падар калон кардам, намехоҳам, ки ягон кӯдак сағера шавад” мегуфт.
Ҳамин тавр, солҳо турнасон гузаштанду ақли Саида ҳеҷ ба сараш назад. Худаш, ки тарбият надорад, фарзандонаш низ аз кӯчаи одамгарӣ дур монда, бибиашонро ҳурмату эҳтиром намекунанд.
ИНРО НИЗ БИХОНЕД:ХИЁНАТКОР МЕКУШАМАТ!
Саида барин ҷавонзанҳои бефаросат зиёданд, аз ҳамин хотир, ҳамчун зан-модар ман ба одамоне, ки келин карданиянд, маслиҳат медиҳам, ки пеш аз духтареро хостгорӣ намудан аввал аслу насабашро фаҳманд, то баъди тӯй келин дар сарашон чормағз нашиканад. “Модар чӣ гуна, духтар намуна» гуфтаанд, модари арӯс чӣ хеле ки бошад, албатта духтараш ҳам дар зиндагии оилавӣ роҳи ӯро идома медиҳад.
Волидони духтарон низ бояд ба ин масъала ҷиддӣ муносибат кунанд.
Модарони азиз, вақте духтаратонро ба шавҳар медиҳед, ба ҷойи ғами аз куҷо харидани ҷиҳози гаронбаҳои арӯсро хӯрдан, фарзандатонро дар наздатон шинонда, хуб насиҳат кунед, фаҳмонед, ки хушдоман ҳам модар аст, волидони шавҳарашро ба ҷойи падару модар дониста, хизмати онҳоро ба ҷо орад, хонаи хушдоманро тозаву озода нигоҳ дорад ва баъди тӯй баҳудаву беҳуда рашк карда, ҷони шавҳарашро ба лабаш наорад. Келин, агар ҳурмату эҳтироми аҳли оилаеро, ки ба он ҷо арўс шуда меравад, ба ҷо биёрад, азизи дили хушдоман мешавад. Зиндагӣ чархи гардон аст, ҳар чӣ ки албатта кардӣ, ҳамонро мебинӣ. Ҳурмату эҳтироми хусуру хушдоманро ба ҷо оварда бошӣ, баракат меёбӣ, вале мисли Саида рӯзи хушдоманатро сиёҳ кунӣ, фардо пир, ки шудӣ, келинҳоят рӯзи туро сиёҳ мекунанд. Дар урфият «чор пиру чор тадбир» гуфтаанд, ки маънояш бе дуои чор пир-падару модар ва хусуру хушдоман қадам нагузор аст.
Одатан мо, тоҷикон дар ҷашнҳои арӯсӣ «Келин ҳам фарзанд аст» гӯён, ҷор мезанем, вале фаромўш мекунем ба духтаронамон фаҳмонем, ки барои ҳар як арўс хушдоман ҳам модар аст. Духтар ягон хато кунад, магар модараш ӯро ҷанг намекунад? Мекунад! Пас, чаро вақте ки хушдоман эрод мегирад, фиғону шикваи келин ба фалак мепечад?! Оғӯши гарму дарза-дарзаи пули меовардаи писараш роҳати ҷон, вале модараш гандаю дарди сари зиёдатӣ?! Аз Худо тарсед, келинҳо!
Анзурат, сокини ш. Душанбе