formula
Аз хориҷа ба Душанбе дору интиқол доданд (4 акс)
1429

Бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ хатсайри махсуси чартерӣ аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон маводи доруворӣ ва лавозимоти зарурии тиббӣ овард.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, маводи зарурии воридшуда ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои он ҷиҳати истифода дар муассисаҳои тиббии пойтахт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ  барои табобати бемориҳои сироятӣ, алалхусус пандемияи конронавирус-COVID-19 ба таври ройгон супорида мешавад.

Ҳамчунин манбаъ зикр кардааст, ки дар пайравӣ ба ин иқдоми наҷиб роҳбарияти  ширкатҳои ватанӣ низ  дар пайи он ҳастанд, ки баҳри солимии аҳолии Тоҷикистон ва дастгирии қишри ниёзманд  бо маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ ба эҳсонкорӣ  рӯ оваранд.

Аз ҷумла, бо хатсайри махсус ширкати ватании “Ориёнфарм” аз Ҳиндустон миқдори муайяни маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ   ба Тоҷикистон  ворид кард, ки ҷиҳати таъмини аҳолии  мамлакат  бо маводи зарурӣ  дар ин давраи ҳассос  ва таъмини саломатии аҳолӣ мусоидат мекунад.

  • Спецрейс из Индии доставил лекарства
  • Спецрейс из Индии с лекарствами на борту
  • Спецрейс из Индии с лекарствами на борту
  • Лекарства из Индии доставленные спецрейсом

Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон бо ҳамин хатсайр як миқдор кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Ҳиндустон иборат аз маводи доруворӣ барои муолиҷаи беморони Ковид-19 ба Тоҷикистон ворид карда шуд.

 

 

Манбаъ қайд кардааст, ки рӯзҳои наздик ташкили боз ҳамин гуна иқдомҳои эҳсонкорӣ такрор меёбад ва бо ин васила дар бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи ҷомеа саҳмгузорӣ карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД