Шахс соҳиби манзил бошад ва аз пасандозаш аз биноҳои навсохт, ки сохтмонаш ҳанӯз ба итмом нарасидааст, хонаи дигар бихарад, закотро аз манзили дуюм медиҳад ё аз манзили нав?
Фурқат, сокини шаҳри Душанбе
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Бародари азиз! Дар сурате, ки шахс соҳиби манзил аст ва манзили дигареро мехарад, агар бо мақсади тиҷорат набошад,додани закот бар зиммааш нест, аммо бо қасди тиҷорат бошад, закот бар зиммааш воҷиб мегардад.