Домуллои муҳтарам . Мехостам фаҳмам, ки хонаҳое, ки ба мақсади тиҷорат сохта шудаанд ва сохтмони онҳо ҳанўз анҷом наёфтааст, оё аз он закот дода мешавад?
Нурулло Азизов, соҳибкор
Посухи намояндаи Раёсати Фатвои ҶТ
Додари гиромӣ. Дар онҳо закот лозим мегардад, агарчи ба итмом ҳам нарасида бошанд, зеро аз қабили моли тиҷорат ба шумор мераванд. Ҳар чизе, ки дар он нияти тиҷорат карда шавад, қатъи назар аз он ки чи гуна мол аст, закот дар он воҷиб мешавад.