Банда дар маркази шаҳр як хона дорам, ки дар он зиндагӣ намекунам. Чанд сол аст, ки ба хотири ба даст овардани даромад онро ба иҷора медиҳам. Мехоҳам донам аз хонае, ки ба иҷора дода шудааст, чӣ гуна закот медиҳанд? Нархи хона бояд ба назар гирифта шавад, ё нархи иҷора?
ШАМСИДДИН, ш. Душанбе
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Бародари азиз, дар ин масъала аз фоидаи иҷора закот пардохта мешавад, ба шарте, ки маблағи ба даст омада ба миқдори нисоб расад ва як сол бар он гузарад. Хона барои тиҷорат, яъне фурӯш бошад, дар ин ҳолат аз нархи хона закот дода мешавад.