Arzon march 2024
Аз гуноҳат гузаштам...
63

Даргузашти актёри маъруф Асланшоҳ Раҳматуллоев

Субҳи 28 апрел, яъне рӯзи душанбе дӯстону ҳамкасбон ва ҳаводорони ҳунари Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев дар назди хонаи ӯ ҷамъ омаданд. Ин даъфа ҳунарманди маъруф бо чеҳраи пуртабассум ва шӯхиҳои намакинаш дӯстонашро пешвоз нагирифт. Ҳозири ҳам ғамгин буданд, нафаре ашк мерехту дигаре афсӯс мехӯрд...

Шоҳи саҳна

“Ҳеҷ бовар надорам, ки Асланшоҳ аз олам гузашта бошад. Охир ӯ тамоман солим буд ва дар сар фикри рафтанро надошт. Рӯзи ҷумъа ӯро дида будам. Мошини маро дида аз дур ба наздам омад. Чун дар наздикии хонааш будем, исрор кард, меҳмон шавам ва сари як пиёла чой суҳбат кунем. Вале дар телевизиони “Душанбе” сабт доштам. Узр пурсидам ва ваъда додам, ки ба наздикӣ ӯро мебинам. Вале афсӯс... Дидор дар қиёмат монд...” – мегӯяд Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов.

Ортиқи Қодир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон аз ҳамкориҳояш бо Асланшоҳ Раҳматуллоев чунин ёдоварӣ мекунад: “Дар намоиши “Қиссаи аҷибу ғариб”-и Театри Лоҳутӣ, ки аз рӯи асари “Гурба ва муш”-и Убайди Зоконӣ таҳия шудааст як ҷо нақш мебозидем. Дар ин намоиш Асланшоҳ Раҳматуллоев нақши шоҳи мушонро бозиду ман нақши вазири мушонро, ки дар маҷмӯъ норасоиҳои давру замонро мазаммат мекард. Ҳамон таъбири маъруфи “Аз гуноҳат гузаштам, ин сӯ гузар!” аз намоиши мазкур баромад ва Асланшоҳ Раҳматуллоев аз ҳамон вақт шоҳи саҳна эътироф гардид”...

Пайроҳаи ҳунар

Воқеан, Асланшоҳ Раҳматуллоев аз зумраи ҳунармандони маъруфи театру кинои тоҷик буд. Ӯ бо офаридани нақшҳои мондагораш дар қалби мухлисон ошён гузошта маҳбуби ҳамагон гардида буд.

Асланшоҳ Раҳматуллоев баъди хатми мактаби миёна озими шаҳри Маскав шуд ва ба Институти умумииттифоқии синамогарон (ВГИК) дохил шуд.

Баъди хатми ВГИК, қарор буд, ки онҳо дар “Тоҷикфилм” ба кор ҷалб шуда, барояшон студияи махсус созмон хоҳад ёфт. Вале ин амр амалӣ нашуд ва гурӯҳи онҳо пароканда гардид. Асланшоҳ бо чанд нафар ҳамкурсонаш ба Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор пардохтанд.

Асланшоҳ дар саҳнаи ин театр нақшҳои ҷолиб офарид. Аз ҷумла дар намоишҳои «Гамлет», «Корвони бахт», «Ҳодисаҳои ғайриоддӣ», «Гилеми кабуд», «Шоҳ Лир», «Роҳзанон», «Мардон намегирянд», «Вақте шаҳр хобидааст», «Ғуруби Аҷам» ва ғайра маҳорати баланди бозигариашро нишон дода, маҳбуби ҳамагон шуд.

Асланшоҳ Раҳматуллоев на танҳо ҳамчун актёр, балки ҳамчун коргардон низ фаъолият намуда, дар Театри Лоҳутӣ чандин намоишҳоро таҳия намудааст.

Дар “Оина”

Аз оғози солҳои 90-ум Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Театри намунавӣ-минётурии «Оина» фаъолият мекард. Худ дар ин бора дар яке аз суҳбатҳояш ба хабарнигори “Оила” гуфта буд:

“Соли 1991 Убайдулло Раҷабов Театри намунавӣ-минётурии «Оина»-ро ташкил кард ва маро ба ҳайси коргардон даъват намуд. Аммо ман се сол вақт хостам, зеро гуфтам, бояд худамро ҳамчун коргардон рушд диҳам. Ҳамин тавр, то соли 1994 дар театри Лоҳутӣ мондам. Ҳамчун коргардон чандин намоишҳоро ба саҳна гузоштам, ки тамошобини зиёд доштанд. Аз ҷумла, намоиши “Парвози сабзабаноз”, ки аз ҷониби дӯстдорони театр хуб пазируфта шуд”.

Вале Асланшоҳ Раҳматуллоев ба ваъдааш вафо кард ва ба Театри “Оина”, ки муассис ва роҳбараш Убайдулло Раҷабов буд, ба кор пардохт ва то имрӯз дар ин даргоҳ фаъолият дорад…

“Бархеҳо ҳайрон шуданд, ки чаро аз театри Лоҳутӣ меравам, аммо чун ваъда дода будам, иҷро кардам, – мегӯяд Асланшоҳ Раҳматуллоев – Он замон, кормандони “Оина” аз тарси силоҳдорон дар бинои асосии театр кор намекарданд, балки дар як хонаи дуҳуҷрадор ҷамъ шуда, саҳнаҳо мегузоштанд. Чанде дар ҳамон хона фаъолият кардем ва баъдан бо ёрӣ ва муҳофизати мақомот ба театр кӯчидем. Вале ман аз он ки ба “Оина” гузаштам, пушаймон нестам. Аз сарнавишти хеш розиям.”

Дар олами синамо

Синамо як бахши муҳими фаъолияти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев аст. Дар ин ҷода низ, ӯ ҳам ба ҳайси актёр ва ҳам ба ҳайси режиссёр кор карда, муваффақият ба даст овардааст.

Ӯ дар филмҳои «Тӯфон дар водӣ», «Ҳафт домоди дуздидашуда», «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Робита» (2 қисм), «Саргузашти Мукаи хурдакак», «Дар ағба напарронед», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар» (6 қисм), «Афсонаҳои нави Шаҳрзод» (2 қисм), «Кумир», «Марди мутааллиқи ду зан», «Қасосгири хурд», «Қош ба қош», «Вақте болои шаҳр борон меборид», «Гумшуда ёфт шуд», «Қӯшатир», «Модар бо мост», «Имтиҳон», «Кӯҳистонӣ», «Бехонаҳо дар касалхона», инчунин филмҳои истеҳсоли дигар давлатҳо «Ҳалима» («Туркманфилм»), «Соати комендантӣ», «Таъмиргар» (киностудияи ВГИК), «Бозгашт», «Тарафи чоруми секунҷа» («Мосфилм»), «Афсарон», «Тақвими интизорӣ», «Захираи тило» (телевизиони НТВ) ва ғайра нақшҳои хотирмон офаридааст.

Ҳамчун режиссёр низ муваффақ буда, мегӯянд, ки филми “Гилеми Кабуд”-ро сабт кардааст.

Ҳамчунин, Асланшоҳ Раҳматуллоев дар ҳамкорӣ бо режиссёри маъруф Юнус Юсуфов ду филми мондагор “Марги бегуноҳ” ва “Оворагардон”-ро низ сабт кардааст.

Хушбахтии оилавӣ

Асланшоҳ Раҳматуллоев дар баробари тавфиқ ёфтан дар кор, дар ҳаёфти оилавӣ низ муваффақ буд. Соҳиби 5 фарзанд мебошад. Ҳамсараш Соҷида Раҳматуллоева низ ҳунарпеша мебошад. Қиссаи издивоҷашонро ҳунарманд дар суҳбат ба “Оила” чунин нақл кардааст:

“Ман баъди аз зани дуюмам ҷудо шудан бо Соҷида, ки нав ба театр ба кор омада буд, шинос шудам. Вай ҳамчун шогирд бо мо кор мекард. Ман ӯро мисли хоҳар дӯст медоштаму ӯ маро мисли бародар. Намоишномаро тайёр кардем, ки дар он Соҷида нақши зани дарвозиро мебозид. Бояд ба лаҳҷаи дарвозӣ гап мезад. Соҷида самарқандист, аз куҷо ин лаҳҷаро медонист?! Ӯро ба хона бурдам, то бо аҳли оилаамон суҳбат карда, лаҳҷаи дарвозро ёд гирад. Як моҳ дар хонаи мо зиндагӣ карда, Соҷида лаҳҷаи дарвозиро чунон ёд гирифт, ки ӯро аз занҳои дарвозӣ фарқ карда намешуд. Рафтору гуфтори Соҷида ба падару модар ва аҳли оилаамон маъқул шуд. Падарам намехостанд, ки ин духтараки меҳрубону хушрафтор бегона шавад. Модари Соҷида ҳам меҳмони мо шуда, оилаи моро маъқул кард ва маро мисли писари худаш дӯст дошта монд. Ҳамин тавр, мо бо дуои падару модаронамон риштаи тақдирамонро бо ҳам пайвастем. Пас аз тӯй ман чунон Соҷидаро дӯст доштам, ки дигар ҳатто як лаҳзаи умрамро бе ҳамсарам тасаввур карда наметавонам”.

Пушаймон нестам

Асланшоҳ Раҳматуллоев соли гузашта мавлуди 70-солагишаро таҷлил карда буд. Ба ин муносибат дар аз ҷониби ҳунармандони Театри намунавӣ-минётурии «Оина» дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ чорабинӣ баргузор шуда буд. Дар ин маросим Асланшоҳ Раҳматуллоев гуфта буд: “Ростӣ, нафаҳмида мондам, ки ин умр чӣ гуна гузашт. Умрам бо кори эҷодӣ, бо нақшофариву нақшмонӣ, омӯзишу омӯзонидан гузашт. Ҳар рӯзи ҳаётам як ҳодиса, як лаҳзаи фаромӯшнашаванда ва ё як сафару вохӯрии хотирмон дошт. Албатта, зиндагӣ якранг нест ва доимо хушҳолӣ набуд, аммо аксар ҳодисаҳои фараҳбахш буданд. Бо вуҷуди ин, зиндагии ман шавқовар гузашт. Бисёр омӯхтам, бисёр дидам, бисёр шунидам. Вақте ки ба қафо нигарам, албатта, хотираҳои хубу ҳодисаҳои хотирмонро мебинам. Гила надорам ва заррае ҳам пушаймон нестам”.

Талафоти санъати тоҷик

...Рӯзи 27 апрел хабари марги ҳунарманди маҳбуб Асланшоҳ Раҳматуллоев ҷомеаи кишварро такон дод. Аҳли ҳунар дар шабакаҳои иҷтимоӣ марги ӯро талафоти бузурги санъати тоҷик арзёбӣ карданд.

Субҳи рӯзи 28 апрел маросими видоъ бо Асланшоҳ Раҳматуллоев дар назди манзили зисташ баргузор шуд. Баъдан ҷанозаи ӯро дар Масҷиди ба номи Имоми Аъзами шаҳри Душанбе хонданд ва ҷисмашро дар Оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд...

Ёдаш ба хайр!

Одили НОЗИР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД