toyota motors
Аз ду ҷавон кадомро интихоб кунам?
14.06.2026
Oila.tj
51

Ман духтари ҷавон ҳастам. Тақрибан се сол мешавад, ки бо як ҷавон шинос ҳастем. Бо ҳам суҳбат мекунем, номаву паём менависем ва аз аҳволи якдигар бохабарем. Дар ин солҳо ман ба ӯ дил бастам ва эҳсос мекунам, ки ӯ низ нисбат ба ман меҳру муҳаббат дорад. Аммо як масъала маро сахт ба ташвиш овардааст.

Гарчанде се сол мешавад, ки муносибати мо идома дорад, ин ҷавон то ҳол ба ман пешниҳоди издивоҷ накардааст. Аввал фикр мекардам, ки шояд вақти муносибро интизор аст. Баъдтар гумон кардам, ки эҳтимол вазъи иқтисодии ӯ имкон намедиҳад. Аммо солҳо гузаштанду вазъ тағйир наёфт.

Дар охир худам ҷасорат карда, ба ӯ гуфтам, ки агар воқеан нияти зиндагии муштарак дошта бошад, бояд қадами ҷиддӣ гузорад ва барои хостгорӣ ба назди волидонам биёяд.

Аммо ҷавоби ӯ маро ноумед кард. Вай гуфт, ки ҳоло барои издивоҷ омода нест. Баъзан аз мушкилоти молиявӣ ҳарф мезанад, баъзан мегӯяд, ки ҳоло вақти муносиб нест. Гоҳе мегӯяд, ки каме дигар сабр кунам. Ба ибораи дигар, ҳар бор баҳонаи нав пайдо мешавад, вале сухан аз хостгорӣ ва бунёди оила намеравад.

Ростӣ, ман намедонам то кай бояд интизор шавам.

Дар ҳамин ҳафта бошад, барои ман хостгори дигар пайдо шуд. Ин ҷавонро наздиконам мешиносанд ва дар бораи ӯ суханони хуб мегӯянд. Ӯ ҷавони намозхон, хушахлоқ, боодоб ва ҳунарманд будааст. Волидонаш низ оилаи обрӯманд ва соҳибэҳтиром мебошанд. Муҳимтар аз ҳама, ӯ нияти ҷиддии издивоҷ дорад ва расман барои хостгорӣ омадааст.

Вале мушкили ман дар он аст, ки нисбат ба ин ҷавон эҳсоси муҳаббат надорам.

Ҳоло дар назди ду роҳ қарор гирифтаам.

Аз як тараф ҷавоне ҳаст, ки ман ӯро дӯст медорам. Солҳои зиёд ба умеди ӯ зиндагӣ кардаам ва орзуи бунёди оиларо бо ӯ доштаам. Аммо ӯ то ҳол қадами ҷиддӣ намегузорад ва ҳар дафъа масъалаи издивоҷро ба оянда мегузорад.

Аз тарафи дигар ҷавоне ҳаст, ки ахлоқи хуб дорад, аҳли ибодат аст, масъулияти оиладориро дарк мекунад ва барои издивоҷ омода мебошад. Аммо ман ҳоло ӯро дӯст намедорам ва намедонам оё баъд аз никоҳ муҳаббат пайдо мешавад ё не.

Аз ҳамин сабаб аз хонандагони муҳтарам ва шахсони рӯзгордида хоҳиш дорам ба ман маслиҳат диҳанд, ки чӣ кор кунам: оё ҷавони дӯстмедоштаамро интизор шавам ё бо ин ҷавони талабгор издивоҷ кунам?

САБРИНА, ш. Турсунзода

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД