Салом! Ман як ҷавондухтари 20-сола ҳастам ва мехоҳам мушкили худро ба шумо гуфта, каме ҳам бошад, диламро холӣ кунам.
Ман дар шаҳри Душанбе ба дунё омадаам, вале падару модарам аслан аз як деҳаи дурдасти кӯҳистон ҳастанд. Хешу таборамон ҳама дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Ман мардуми деҳотро паст заданӣ нестам, вале холаҳоям мудом ба зиндагии ман биниашонро халонида, ҷонамро ба лабам овардаанд.
Тамоми хешу табор зидди ба мактаби олӣ дохил шудани ман буданд. “Духтара чию хонданаш чӣ, беҳтараш Зарринаро бо обрӯ ба шавҳар дода, ҷонатонро халос кунед”,- гӯён, ҳар бори ба хонаи мо меҳмонӣ омаданашон онҳо ба ҳаёти ман дахолат мекарданд, вале падарам ба гапи касе гӯш накарда, маро ба донишгоҳ дохил карданд.
Дар ин миён 5-6 нафар хешовандонамон бо нияти хостгорӣ омаданд, аммо қабул накардам. Мехоҳам аввал дипломамро гирифта, соҳиби маълумоти олӣ шавам, вале холаҳоям ҷонамро ба лабам расонида, мудом як гапро такрор мекунанд: “Тезтар ба шавҳар баро, ки пирдухтар шуда мемонию мо шарманда мешавем. Мегӯянд, ки ҷиянашон ягон айб дорад, ки касе ӯро ба занӣ намегирад...”.
Сад бор гуфтам, ки холаҳои азиз, ба духтарҳои худатон кордор шавед, вале тӯтӣ барин фақат як гапро такрор карда, барои ман домод кофта мегарданд.
Ба куҷое, ки меҳмонӣ наравем, холаҳоям дарҳол маро ба таври худ “реклама” карда, “ҷияни мо гул барин зебо, панҷ панҷааш ҳунар аст, касе, ки ӯро келин кунад, пушаймон намешавад” гуфта, маро дар хиҷолат мемононанд. Ба хубӣ мефаҳмонам, ситеза мекунам, ҳатто баъзан асабӣ шуда, ба сарашон дод мезанам, ки дигар барои ман домод накобед, агар шавҳар карданӣ бошам, худам бахтамро меёбам”, вале ба холаҳоям на гапи хуб таъсир мекунаду на гапи бад, боз ҳамон кори худашонро такрор карда, бо домодкобиҳояшон маро мудом дар назди мардум шарманда мекунанд.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Ба холаҳоям чӣ тавр фаҳмонам, ки ман ба домодкобии онҳо ниёз надорам. Ман шавҳар мекунам ё не, ба онҳо чӣ дахл дорад? Чаро мардуми мо ба зиндагии дигарон ҳамеша бинӣ халонданро дӯст медоранд?
ЗАРРИНА, шаҳри Душанбе