Дарди дили маро касе фаҳмида натавонист, шояд шумо хонандагони азизи «Оила» маро мефаҳмед. Дарди маро дарк карда, маслиҳати судманде диҳед, то қиёмат аз шумоён миннатдор мешавам.
Падарам ба неву нестонам нигоҳ накарда маро ба писари аммаам ба шавҳар доданист. Аз хешу таборон касе ба ин издивоҷ розӣ нест, чунки писараммаам алкаши таппа тайёр аст. Синнаш ба 27 расидаасту то ҳол дар кӯчаҳо бекору сарсарӣ мегардад. Аҷибаш он аст, ки ин бекорхӯҷа пояшро ба тоқи баланд монда мегардад.
Пеши пайвандонаш шарт гузошта гуфтааст, ки ғайри Гулдаста касеро ба занӣ намегирам. Падарам хотири хоҳараш тайёр аст, ки маро ба ҳамин алкаш диҳад, вале ман ба ин издивоҷ тамоман розӣ нестам.
Безорам аз марде, ки ба май дода шуда, оламу одамро фаромӯш мекунад. Боварӣ дорам, ки чунин мард зомини бахти зан мешавад. Як ҳафтаи расо гиристаму гардани падарамро гирифта бо далелҳо ба ман мувофиқ набудани домоди ёфтаашро исбот намудам, вале гапамро ҳеҷ гӯш кардан нахостанд.
«Мехоҳӣ, ки дар байни хешу табор худамро сархам кунаму гӯям, ки дар хонаи ман духтарам хӯҷаин аст ва худаш қарор мебарорад?! Фикрҳои пучатро аз сарат дур кун духтарам, хоҳи нахоҳӣ ба писари аммаат мерасӣ» гӯён, бо доду фарёд ба сарам гӯё санги осиёро гардон намуданд.
Мехоҳам тавассути «Оила» ба қиблагоҳам бигӯям:
-Падарҷон! Рафторҳои бади Насимро ҳама медонанд, маро бо ин алкаш ҳамтақдир намуда, рӯзамро сиёҳу диламро аз зиндагӣ сард насозед! Мемураму зани Насим намешавам, маро ба ҳолам гузоред!
Гулдаста. н Ҳисор