Arzon march 2024
Аз дилсӯзӣ ба марди нобино ба шавҳар баромадам, вале...
01.10.2024
ОИЛА.ТҶ
1902

Салом! Ман зани хонашин ҳастам ва шабу рўз меҳнат карда, бо сад ранҷу азоб ду фарзандамро мехӯронаму мепӯшонам. Мехоҳам қиссаи талхи зиндагимаро нақл кунам, то ки ба дигар занону духтарони тоҷик дарси ибрат гардад.

Азбаски духтари зебои хушқаду қомат ва боодобу ҳунарманд будам, талабгоронам аз мӯйи сарам зиёд буданд, вале аз рӯйи дилсӯзӣ ба як ҷавони нобино ба шавҳар баромада, ҳаётамро бо дасти худам сӯхтам. Фикр мекардам, ки хизмати ин марди нобиноро ба ҷо оварда, савоб мегирам, вале шавҳарам ба қадри ман нарасид.

Азбаски ҳамсарам аз дидаи бино маҳрум буд, аз вай чизе талаб накарда, бо дӯзандагӣ худам зиндагиро пеш мебурдам. Хусуру хушдоманам аз ман розӣ буданд ва ҳамеша дар ҳаққам дуои нек мекарданд. Хешу табори шавҳарам низ дар ҳама ҷо маро таърифу тавсия мекарданд, ки як зани гул барин зебо ва ҳунарманд бошам ҳам,ба хотири ризои худованд ба ҷавони маъюб ба шавҳар баромада, аз сидқи дил ба вай хизмат карда истодаам, аммо...

Дар бадали 6 сол мо соҳиби 3 фарзанди гул барин зебо гаштем, вале шавҳарам ба ҷойи худоро шукр гуфтан “дар Тоҷикистон нафақаи кам медиҳанд, ман ба Россия меравам, дар он ҷо даҳ баробар пули бештар мегирам” гӯён, маро бо фарзандони хурдсолам дар нимароҳи зиндагӣ партофта рафт. Намедонистам сарамро ба кадом дар занам, дар назди падару модар ва хешу таборам забонам кутоҳ гашта будам, чунки дар вақташ онҳо зидди хонадоршавии мо буданд, аммо ман ду поямро ба як мӯза андохтам, ки хизмати ин ҷавони нобиноро карда, савоби ду дунёро мегирам...

Инак, се сол мешавад, ки шавҳарам дар Русия аст, вале ягон бор занг зада, ҳолу аҳволи фарзандонашро намепурсад. Бисёриҳо ба ман маслиҳат доданд, ки барқасд ба ягон ҷавонмарди солим ва бо нангу номус ба шавҳар бароям, вале қабул накардам. Намехоҳам бачаҳоям пеши пойи паиндар хору зор шаванд. Бо душворӣ бошад ҳам, меҳнат карда, худам ризқу рӯзии фарзандонамро ёфта истодаам, аммо баъзан хориам меояд, ки ишқи садҳо ҷавони зебо ва бо нангу номусро рад карда, ба як марди маъюб ба шавҳар баромадам, аммо вай ба қадрам нарасида, маро хору зор партофта рафт.

Ба занону духтарони тоҷик гуфтаниям, ки ҳаргиз танҳо ба хотири дилсӯзӣ риштаи тақдирашонро бо касе напайванданд. Дар зиндагӣ касеро интихоб намоед, ки ба қадри шумо расида тавонад.

Д. М. аз шаҳри Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД