“Оила” Сафармоҳро бе ормон ба хок супурд, ё чӣ тавр дар як ҳафта якбора орзуи ин модар амалӣ гашт?
...Намехӯрд, зеро наметавонист. Фақат қай мекард. Ҷуз дору чизе ба даҳон намегирифт, чунки иштиҳояш ба дуриҳо гурехта буду намеомад. Чун бемор шуд, нохалафе пулҳои бо ҳазор орзу ҷамъовардаашро рабуд. Дилаш насӯхт, виҷдонаш азоб надод, хобаш напарид, нола дар гулӯяш дарнамонд, чун пули онеро бурд, ки бо ҳазорон машаққат ҷамъ овард, бо мақсаде, ки соҳиби ақаллан як кулбаяки хасин шавад, вале...
Қиссаи мазкур воқеӣ буда, шакли пурраи онро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед!
Занам қарздору хонасалотам кард
...Занамро зиёд дӯст медоштаму пули ёфтаамро барояш мефиристодам, ӯ низ як тинро беҷо сарф накарда, дар ободонии хонаву дар сарф мекард. Писарам ба дунё омаду ман баъди якмоҳа шуданаш чипта гирифта, ба диданаш омадам, хонаву дар ободи обод буданд. Атрофи ҳавлӣ девори баланди хиштӣ бародошта, ҳавозаи баланди ангур сохтанду дарвозаи мунаққаши зебо шинонданд. Занамро, ки баъди таваллуди фарзандамон худашро пур карда, аз пештара зеботар шуда буд, маҷнунвор дӯст медоштам...
Идомаи қиссаи мазкурро аз шумораи тозаэҷоди ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед ва хонед!
Кори хайр: Фарзонаи Хуршед пироҳанҳояшро мефурӯшад
...То ҳол зиёда аз 20 адад пироҳанҳои овозхон, ки онҳоро ҳамагӣ як маротиба дар сабти клип ё баргузории консерте ба бар кардааст, ба фурӯш гузошта шудаанд, вале дар бораи арзиши пироҳанҳо чизе гуфта нашудааст. Ин нахустин тасмими овозхон барои расонидани кӯмак ба афроди ниёзманд нест. Қаблан ҳам Фарзонаи Хуршед ба хабарнигори ҳафтаномаи “Оила” гуфта буд, ки ба ягон оилаи дар ҳақиқат эҳтиёҷманд хона туҳфа кардан мехоҳад...
Ин ва дигар хабарҳои тозаи олами шоу-бизнеси дохилу хориҷро аз саҳифаи “Ситорарез”-и шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” бихонед!
Чор ғалате, ки занро кал мекунад
...Беҷоншавӣ ва рехтани мӯй, сабӯсак ва шабушк пайдо кардани мӯй-ин ҳама мушкилоте ҳастанд, ки аз нигоҳубини нодурусти мӯйи сар сарчашма мегиранд. Баъзан ҳатто бонувони ботаҷриба дар нигоҳубини он ба ғалатҳои ҷиддӣ роҳ медиҳанду аз рехтани мӯй шикоят мекунанд. Мо қарор додем дар ин шумора маъмултарин ғалатҳоро дар боби нигоҳубини мӯй ёдрас шавем, то хонандагони азиз минбаъд ба чунин хатогиҳо роҳ надиҳанд...
Онҳо кадом ғалатҳоянд? Саҳифаи “Асрори зебоӣ”-и шумораи ҷадиди ҳафтаномаи “Оила”-ро пайгирӣ намоед!
Қурбонии гуноҳ
...-Духтарак дертар инкишоф меёбад, аммо ҷинси писаракро дар чормоҳагӣ аллакай муайян карда мешавад. Медонед, мардак, ману ту бояд як корро ба пагоҳ намонда, ба сомон расонем. Дар ҷойи корам занҳои рӯзгордида фаҳмонданд, ки агар писарак дар батни модараш то чормоҳа бошад, калонсолон тибқи фармудаи шариат вазифадоранд ба тифл ном гузошта, дар таги ниҳоли сабз ба хок супоранд...
Идомаи қиссаи мазкурро аз шумораи тозанашри ҳафтаномаи “Оила” ҷӯё шавед!
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:
238-52-52
«Маро танҳо нагузор»
Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила». Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!