Sebiston new 2024 october
Аз дасти хушдоману қайсингилҳои собиқ рӯз надорам
1261

Салом. Ман Қодирзода Бону, як зани танҳои аз ҳаёт наосуда, мехоҳам саргузашти талхамро нақл карда, аз шумоён-хонандагони азизи “Оила” маслиҳат бипурсам.

Ману шавҳарам бо сабаби дахолати ҳамешагии падару модар ва хоҳаронаш ба зиндагиамон оқибат хонавайрон гашта, бо як фарзанд ҷудо шудем. Хушдоману қайсингиҳоям ҳанӯз замони бо шавҳарам зиндагӣ карданам ба ман рӯз нишон намедоданд, баъди вайроншавии оила ва расман ҷудо шуданамон бошад, душмани ҷонам гаштанд.

Гап дар сари он аст, ки бо сабаби аз писари онҳо фарзанд доштанам, баъди ҷудо шуданамон бо қарори суд маро дар хонаи собиқ шавҳарам, яъне дар манзили хусуру хушдоманам маскун намуданд. Аҳли оила аз ин қарори суд ба ғазаб омада, бо ман ҷанг эълон карданд.

Шавҳарам, қайсингилҳоям ва хусуру хушдоманам, ки ҳардуяшон омӯзгоранд, маро ҳар рӯз лату кӯб мекарданд. Хушдомани муаллимаам дар болои сарам карсак мезад, ки ман то туро аз ин хона дафъ накунам, ором намегирам, хусури муаллимам ҳам масту аласт ба хона баргашта, маро дашномҳои қабеҳ медод.

Хоҳарони шавҳарам ба мисли он ки сагро фарёд мекунанд, ба сӯйи ман ҳуштак кашида, мазоқу масхара мекарданд. Номи ман дар он хона “бесоҳиби бе падару бе модар” буд. Рӯзе набуд, ки байни мо ягон моҷарою ҷангу ҷанҷол рӯй надиҳад. Аз дасти пайвандони шавҳарам шатта ҳам хӯрдам, шаллоқ ҳам хӯрдам, ҷояш омад, ки корд ҳам хӯрдам.

Тифли ширмак дар даст шабҳоро дар дари шӯъбаи милитсия рӯз мекардам, вале дили сангини хусуру хушдоман ва хоҳаршӯйҳоям на ба ман месӯхту на ба фарзандам, ки аз хуни худи онҳо аст.

Хулоса, мани сарсахт дигар ба ҷабру зулмашон тоқат накарда, тарки он хона намудам, вале то ҳол хушдоманам аз пасам ҳар хел гапу хабар ва овозаҳои нохушро паҳн карда, маро ғам медиҳад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам, ки аз ҷабру шарри онҳо халос шавам?

Бо эҳтиром Бону

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Мухлис 2023-07-07, 16:55
Ба макомоти дахлдор шикоят кун он зану марди золимро садкаи омузгори кунад макомот чора мебинад дунё бе сохиб нест хохар хатман шикоят кун
Посух
Басир 2023-07-12, 15:33
Худованд мададгоратон бод
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Мухлис 2023-07-07, 16:55
Ба макомоти дахлдор шикоят кун он зану марди золимро садкаи омузгори кунад макомот чора мебинад дунё бе сохиб нест хохар хатман шикоят кун
Посух
Басир 2023-07-12, 15:33
Худованд мададгоратон бод
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД