Обро манбаи ҳаёт меноманд, вале беэҳтиётӣ бо об метавонад боиси сар задани ҳар гуна фалокату ҳодисаҳои нохуш ва ҳатто марги инсон гардад.
Пайдо шудани боз ду ҷисми бе ҷони одамӣ аз соҳили дарё далели равшани ин гуфтаҳост.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз пайдо шудани боз ду ҷасад аз канори дарё ва рӯдхонаҳо хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, шоми 20-уми июн аз канали дериватсионии Варзоб дар кӯчаи Нодираи ноҳияи Исмоли Сомонӣ ҷасади як марди шахсияташ номаълумро пайдо карда, аз об берун овардаанд.
“Шоми 20- июни соли 2022, соати 19:54 нозири минтақавиимилитсия ба навбатдори фаврии Раёсати ҳолатҳои фавқуллода дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар дохили канали дериватсионии Варзоб, ки аз кӯчаи Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонӣ убур мекунад, ҷасади як шахси номаълум намудор шудааст.
Дастаи махсуси зудамали наҷоти раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ҷасадро, ки марди тахминан 35-40-сола будааст, аз об берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд”-менависад манбаъ.
Шахсияти марди ғарқшуда ва сабабҳои фоҷеа ҳанӯз маълум нест.
Манбаъҳои интернетӣ ҳамчунин аз пайдо шудани ҷисми бе ҷони як кӯдаки нӯҳсола аз зери пул дар шаҳри Бохтар хабар додаанд, ки 20 рӯз боз дар кофтуков будааст.
Дар робита бо ин ҳодисаҳои нохуш мо аз тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон хоҳиш мекунем, ки ҳангоми гашту гузор дар соҳили дарёву рӯдхонаҳо эҳтиёткор бошанд.
Рӯзҳои охир бо сабаби боришоти зиёд сатҳи оби дарёҳо хеле баланд ва хатарнок гаштааст, бинобар ин, волидон бояд эҳтиёткор бошанд ва кӯдакони хурдсолро аз рафтан ба соҳили дарёву рудхонаҳо ва оббозӣ манъ намоянд.