Arzon march 2024
АЗ ЧУНИН ШАВҲАРДОРӢ МУРДАН МЕХОҲАМ (ҚИСМИ 2)
3228

                    

ИДОМААШ...

Некрӯз бо шунидани амри падараш аз субҳ то нисфирӯзӣ гум шуда рафту баъди чошт бо ду-се рафиқи ҳампиёлааш пайдо шуда омад ва фармуд, ки чизу чораро ҷамъ кунам. Гуфтам, ки ба куҷо меравем?Дар ҷавоб аз ӯ чанд шаттаи обдор хӯрдам ва мӯҳри хомӯшӣ ба лаб чизу чораи хонаро ғундоштам. Мо асбоби рӯзгорамонро ба мошин бор карда, аз хонаи хусуру хушдоманам рафтем. Оби дидаи ману кӯдаконам ҳам дар дили хусурам раҳмро бедор накард. Шояд мӯйсафед барои “одам”шудани писараш ин корро раво дид. Вале феъле, ки бо хун даромад, танҳо бо ҷон мебаромадааст.

Моро мошини боркаш аз деҳа берун бурд. Дар дилам ваҳм афтод, ки шавҳари бадмастам моро ба куҷо мебурда бошад? Ниҳоят дар назди як хоначаи хурдакаки похсагин қарор гирифтани мошин маро ба худ овард. Некрӯз фаҳмонд, ки минбаъд ҳамин ҷо зиндагӣ мекунем. Хуб гуфтаму чизу чораро ба гиряву нолаи кӯдакон нигоҳ накарда, ҷо ба ҷо кардам. Акнун азобам дутарафа шуд. Фикри хӯрондану пӯшонидани се кӯдак, болои ин азоби майхорагии шавҳар. “Аз ин пас чӣ кор мекарда бошам?”-гуфта, гирён ба даргоҳи Худо муноҷот мекардам, ки роҳи дурусти ҳаётро бароям нишон диҳад, ба касу нокас мӯҳтоҷ накунад, вале...

Минбаъд ҳаёти занҳои ҷӯгӣ ба сари ман омад. Аз субҳ то шом барои дарёфти рӯзӣ ба дари чанд кас сар мехалондам. Либоси якеро барои лаби нон мешустаму барои як пиёла равған хонаи дигареро тоза ва барои як халта гандум майдонҳои васеи ғаллазори саввумиро медаравидам. Рӯзона аз меҳнати тоқатфарсо абгору хаста шуда, то ними шаб роҳи Некрӯзи бадмастро нигарон мешудам, то омада “ту хоб” гӯён, лату кӯбам накунад...

Некрӯз ба тамом ба арақ дода шуда буд. Дигар як пайса ҳам надошт, ки нафсашро ором кунад. Ҳарчанд роҳи пулёбӣ меҷуст, бефоида. Аз хона чизҳои пулрасро дуздида мебурду бар ивазаш як ҷуръа шароб менӯшид. Дар натиҷа дар ин кулбаи похсагини кироя ҳам чизе намонд. Ба рӯзии фарзандон чашм ало мекардагӣ шуд. Агар дар хона бошам, садди роҳаш мегаштам, то ки хӯроквории бо ҳазор алам ёфта овардаамро надуздад, агар не, рӯзии бачаҳоямонро бемалол гирифта мерафт.

Як рӯз баъди аз хӯшачинӣ ба хона баргаштан дидам, ки шавҳарам як халта гандум дар китф сӯи деҳа меравад. Дарк кардам, ки гандумро ба мағоза дода, бар ивазаш арақ мегирад. Хоҳиш кардам, ки ба хона дарояду ризқи фарзандонро дар ҷояш монад. Ҳамин шуду муноқишаи мо оғоз гашт. Қариб ду соат кашмакаш кардем. Некрӯз дид, ки ман ба осонӣ луқмаи даҳони фарзандонамро аз даст доданӣ нестам, аз дастам кашола карда, ба хона дароварда, дарро аз рӯям баст. Гумон кардам, ки маро маҳкам карда, гандумро мебарад, вале...

Дар дили ӯ чунон ҳисси нафрат боло гирифта буд, ки кӯдаконро аз хона берун карда, як сатил керосинро аз сарам рехту ба ин ҳам қаноат накарда, гирду атрофи хонаро ҳам керосин пошиду ба доду фарёди ман аҳамият надода, дарро ба рӯям баста, гӯгирд зад. Миёни гулхани оташ мондам. Худро ба чор тараф мезадам, вале бефоида. Нисфи баданам туъмаи оташ шудан пас, дари хонаи пурра сӯхтаафтода ҷонҳавл ба берун тохтам. Агар дар сӯхта намеафтид, Некрӯз ба ҳоли ман раҳм карда, дарро намекушод. Ӯ мехост, ки ман бимирам. Вале баъди бо ҷисми сӯхта ба берун баромаданам аз тарси он, ки ҳамсояҳо аз асли гап воқиф мешаванду ба милиса хабар медиҳанд ва он гоҳ барои кирдораш ҷазо мегирад, оташи бадани маро кушта, дар хоначаи ҳамшафат, ки пур аз дуди ғализ буд, дароварда хобондам. Мани сарсахт бо ҷисми беш аз 70 фисад сӯхта се рӯз бе обу нон ва гоҳ бе худу гоҳи дигар бо ҳушу ёд хоб кардам. Ҷисмам лаҳми гӯшт шуда буду захмҳоям хунчакон. Тамоми аъзои баданам чунон дард мекард, ки ба гуфтанаш оҷизам.

Касе ба додам намерасид. Бо таъкиди падарашон кӯдаконам низ натавонистанд падару модарамро хабар кунанд. Рӯзе духтарчаи хурдиам ба дугонааш мегӯяд, ки “очам касал аст”ва ин хабар ба гӯши модарам расида, ба аёдатам мешитобад. Маро ба беморхона оварданд. Бо марҳамати Худованду кӯшиши табибон мани сарсахти аз мурда бадтар зиндаву саломат мондам. Духтурон дар ҳайратанд, ки чӣ тавр мани ҷисмам аз нисф зиёд сӯхта болои ин се рӯз дар хона бедорую дармон зинда мондаам. Ва зинда мондани маро муъҷиза медонанд. Вале ман аз зинда монданам розӣ нестам. Худамро аввалҳо қатори мурдаҳо ҳисоб мекардам, акнун зиндадаргӯр меҳисобам. Зеро ба бераҳмиҳои шавҳар дигар тобу тоқат надорам. Зиндагӣ бароям маъно надорад. Охир, ман ҳам инсонам, пас чаро инсонвор зиндагӣ намекунам? Нанг, номус, хотир, гапи мардум гуфта, бо гуфти падару модар худамро қурбони нафси шавҳар кардам. Аз чунин хонадорӣ ва шавҳардорӣ мурдан хубтар аст! Барои волидайн бахти фарзанд авлотар ва ё обрӯю эътибор? Шавҳарам мувофиқи кирдораш дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт. Некрӯз маро маъюб карду таънасори дӯсту душман, захмҳои хунчакони қалби маро ҷазо гирифтани ӯ шифо бахшида наметавонад.

Ҳайронам, ки тақдири фарзандони кӯчаки ман чӣ мешуда бошад?...

Оби дидагонаш ду бари рухсораи Шамсияро шуста мефаромад ва аз қаъри дилаш нидои имдодталабона берун мегашт. Ба ҷисми хунчакону лаҳми гушти ӯ, ки аз таъсири оташ “пухта” буд, нигоҳ мекунаму худ ба худ меандешам:

-То кай зани тоҷик қурбони ҷаҳолати шавҳар мегардад? То кай дар интихоби ҳамсар ӯ оҷиз мемонаду бо хости волидайн ва ё хешу ақрабо умрашро пайванди худпарасте менамояд?

Дуруст аст, ки ҳеҷ як падару модар бадии фарзандонашонро намехоҳанд, вале бояд бидонанд, ки одами каҷрафторро танҳо гӯр рост мекунаду халос!      

АНҶОМАШ

                            

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД