Arzon march 2024
АЗ ЧУНИН ШАВҲАРДОРӢ МУРДАН МЕХОҲАМ
4229

 

Шамсияро аз нисф зиёди ҷисмаш сӯхтаву бо ҳоли табоҳ, гоҳ ба худу гоҳе бе ёд, бо ранги заъфаронӣ ва лабони хунҷӯшида болои бистари беморӣ дарёфтам.

Ӯ ёрои сухан гуфтан надошт ва бино ба гуфтаи духтурон зинда монданаш мӯъҷиза аст. Зеро бо он ҳолате, ки ӯро ба беморхона оварданд, кам касон зинда мемонанд. Бале, дар вуҷуди Шамсия “марг бо ҳаёт даст ба гиребон” буду танҳо талошу муборизаи табибон баҳри наҷоташ ва лутфу марҳамати илоҳӣ ӯро аз коми аждаҳои марг раҳонид. Вазъияти Шамсияро дида, ба хулосае омадам, ки сӯҳбатро бо ӯ ба ягон рӯзи дигар мавқуф мегузорам, то ҷароҳатҳояш андак ба ҳам ояду ҷисми афгораш ба иборае камтар “ҷон бигирад”. Аммо ба ин қадар ранҷу азоб нигоҳ накарда, Шамсия маро аз рафтан боздошту ишорат намуд, ки бишинам. Вай бо садои хаставу нимшунаво ба нақли зиндагиаш сар кард:

Худованд на танҳо номи зебо, балки ҳусни расоеро низ бароям арзонӣ дода буду дар хонаводаи падар камбудие надоштам. Дар ҳақиқат Шамсия будаму шодона зиндагӣ мекардам. Мактабро низ хубу аъло мехондам ва орзуи хонда, духтур шуданро доштам. Вале ҳарчанд замона пеш рафтаю дунё дигаргун шуда бошад ҳам, дар қишлоқҷойҳо ҳамон ибораи “духтара худаш чӣ, ки хонданаш бошад”, аз байн намеравад. Мани сарсахт низ пойбанди ҳамин ақидаи кӯр-кӯронаи бобоӣ шудаму баъди хатми мактаб хонашиниро ихтиёр кардам.

Ҳанӯз як моҳ аз байн нагузашта, маро ба ҷавоне пойбаст карданд. Ҳарчанд хостам, ки ин “фотеҳа”доир нагардад, нашуд. Зеро дар деҳот на танҳо ба хондан рафтан ё нарафтанатро волидайн “ҳал”мекунанд, балки тақдири минбаъдаат низ дар дасти эшон аст. Ба ҳамин минвол дар давоми як ҳафта тӯйи арӯсиам баргузор гашту бо гардани баста ва дили нохоҳам бо Некрӯз зиндагии мустақилонаамонро оғоз бахшидем.

Шавҳарам нисбати аҳли хонаводаашон дағал ва носипос буд. На падарро гӯш мекарду на аз рӯи насиҳати модар кору амал. Ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини хонадорӣ нисбати ман бефарқ буд. Субҳ аз хона баромада мерафту як поси шаб ширакайф аз дар медаромад. Агар худое накарда, куҷо рафтану бо чӣ кор овора буданашро пурсӣ, борони таънаю маломатро ба сарат мерехт. Аз рӯи эҳтироми хусуру хушдоман ва падару модарам, ба ҳамаи ҷабру ҷафои Некрӯз тоқат мекардам. Гумон доштам, ки агар ба хонаи падарам қаҳр карда равам, аҳли ҳамдеҳагонамон ба ҳолам механданду падару модарам сархам мешаванд. Метарсидам, ки ҳамсояҳо “арӯсак аз ҳозир қаҳр кардааст”,-гӯён, рафторамро маҳкум менамоянду бадном мешавам.

Аммо Некрӯз сабру таҳаммули маро ба тарзи дигар қабул мекард. Таънаю маломатам мекард, ки ман гӯё ба падару модарам лозим нестам ва аз ҳамин рӯ, ба ҷабру ҷафоҳои ӯ тоб оварда, ба хонаи падарам намеравам. Ман бошам, худро ба нодонӣ зада, аз паи кору бори рӯзгор мешудам. Беҳуда нагуфтаанд, ки “девона гурез, ки маст омад”-гӯён, ҳамаи гуноҳро дар арақ мепиндоштам.

Некрӯз шарм намедошт, ки ба нону оши тайёри падар бакавул аст. Ӯ аз паи ором кардани нафси худ буду падар аз субҳ то шом миёни замин каланд мезад. Бародаронаш барои дарёфти рӯзӣ ба Русия рафта буданд ва борҳо тариқи телефон Некрӯзро низ ба наздашон даъват мекарданд, вале ин ҷавони танбал нияти меҳнат кардану аз паи рӯзгор шуданро надошт. Ҳамин тавр, зиндагиамон бо ҷангу ҷанҷолу баҳсу ситеза мегузашт. Рӯзҳо турнақатор гузаранд ҳам, шавҳарам нияти ислоҳ шудан надошт. Пас аз нӯҳ моҳи умедворӣ Худованд писарчаи дӯстрӯеро бароям ҳадя намуду гумон кардам, ки тавлиди фарзанд Некрӯзро аз дунёи бехудӣ беруну аз аспи ҷаҳолат поин месозад, аммо ҳайҳот..

Некрӯзи худхоҳ ҳатто дар таваллудхона маро хабар нагирифт. Барои дидани фарзандаш ба хонаи модарам ҳам наомад. Ба волидайнам гуфтам, ки дигар ба хонаи хусуру хушдоманам барнамегардам, вале падарам чунон дашномам дод, ки аз гуфтаам пушаймон шуда, дар даст тифли кӯчак ба кулбаи ғаму ҳасратам баргаштам. Аҳвол, ҳамон тавре ки буд, боқӣ монд. Боз шабҳои раҳпоӣ, масту аласт баргаштани Некрӯз, зану барзан, таънаву маломат...

Некрӯз борҳо маро бо кӯдакам аз дар бароварда пеш мекарду бечораи хусуру хушдоманам маро бо набераашон гирифта, ба хонаи худ медароварданд. Шабҳои дарозро бо гиря рӯз мекардам. Ба худ савол медодам, ки барои чӣ ва баҳри кадом гуноҳам ин қадар ҷабру ҷафо мебинам.

Некрӯз доим таъна мезаду таъкид мекард, ки “ман хушрӯ”гуфта нанозам! Вале ман дар ёд надорам, ки ақаллан боре дар назари ӯ худситоӣ карда бошам. Ман ғайри хоҳиши дили хеш, бо азми падар ба ӯ зан шуда бошам ҳам, маротибае ба ӯ нагуфтаам, ки ту зиштрӯӣ. Ба худам мегуфтам, ки бало ба паси бадрӯиаш, рафторашро хуб кунад, бас, вале нашуд, ки нашуд..

Беҳрӯзам бо ҷангу ҷидол яксола шуду қаҳр карда, ба хонаи падарам омадам. Вале боз хотири хусуру хушдоманамро карда, баъди як моҳ баргаштам. Хуллас, бо ҳамин минвол дар тӯли 6 сол, ки дар назарам 60 солро мемонад, соҳиби ду писару як духтар шудам. Тӯли ин 6 сол хусуру хушдоманам моро “нон” медоданду падару модари худам либос. Некрӯз бошад, рӯз аз рӯз бадтар мешуду беҳтар не. Оқибат корд ба устухони хусурам расиду амр кард, ки зану кӯдаконатро гирифта, аз хонаи ман рав! Волидони шавҳарам моро аз хонаашон ронда, фикр намекарданд, ки фарзандашон ману кӯдаконамро ба куҷо мебарад?

ДАВОМ ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД