Formula novemver 2024
АЗ ЧАБРИ МОИНДАР ФИРОР КАРДАМ
05.02.2021
Р. Азимӣ
4239


Эй Худоҷон! Қувватам деҳ, то ин номаро бинависам. Бо вуҷуди ҷавон буданам азобҳои зиёд кашидам. Хаёл мекунам, ки ҳама ғаму дарди олам танҳо бар души ман афтодааст.

Дар айни ҷавониям падару модарам аз ҳам ҷудо шуданду мо фарзандон дар ба дару таънашунави хешу табор гаштем. Апаву хоҳарам ҳамроҳи модарам рафтанду мани беақл бо падарам мондам. Модар набошад, падар падарандар мешудааст. Аз азобу ҷабри моиндар билохира ба Русия фирор намудам. Барои мани ҷавону бетаҷриба дар давлати бегона кору манзил ёфтан душвор буд. Азобҳое, ки кашидам Худованд ба душманам ҳам раво набинад!

Шукр, ки инсонҳои раҳмдилу саховатманд дар ҳама ҷо ҳастанду маҳз бо шарофати чунин одамони нексиришт дунё баракат дорад, ман низ туфайли чунин афрод зинда мондам.

Пас аз шаш моҳи дар Русия буданам хабари марги модарамро расониданд. Ҷигарам сӯхт бо шунидани ин хабари шум. Бадбахтиям дар он буд, ки пули чипта харидан надоштам. Маро мубахш модарҷон, ки орзуҳоятро амалӣ нагардонидам, рӯзи маргат «очаҷон»-гӯён, нола накардам, бубахш, ки пояи тобутатро набардоштам.

Бо ҳазор ҳасрат, Умед аз Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД